Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Аз Русия пул фиристодаанд, дар Тоҷикистон гирифта наметавонанд? АКС

0
Аз Русия пул фиристодаанд, дар Тоҷикистон гирифта наметавонанд? АКС

Даҳҳо нафар рӯзи 3-юми декабр дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон натавонистаанд, пулҳои фиристодаи наздиконашонро бигиранд. Ин вазъ сабаби навбати тӯлонӣ дар бонкҳо шудааст. Сокинон мегӯянд, бештари пулҳоро муҳоҷирон ба воситаи низомҳои “Золотая корона”, “Близко”, “Мониграм” ва “Вестерн Юнион” фиристодаанд.

Мақомоти бонкҳои Тоҷикистон гуфтанд, ин шабакаҳо ҳанӯз ба маркази миллии интиқоли пули кишвар ҳамроҳ нашудаанд ва муштариёни онҳо имкони гирифтани пулҳои ирсолшударо надоранд.

Маркази миллии интиқоли пул дар Тоҷикистон, ки зери назорати Бонки Миллист, рӯзи 3-юми декабр ба кор сар кард. Масъулони Бонки миллӣ рӯзи 2-юми декабр гуфтанд, то кунун ба ин марказ низомҳои байналмилалии интиқоли пули “Юнистрим”, “Контакт” ва “Вестерн Юнион” пайвастаанд. вале рӯзи сешанбе дар идораи “Вестерн Юнион” дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо “бо сабабҳои вобаста аз Тоҷикистон” интиқоли пулро ба кишвар қатъ кардаанд, вале масъаларо шарҳ надоданд.

Расонаҳои Русия низ навиштанд, ки низомҳои “Вестерн Юнион”, “Близко” ва “Контакт” интиқоли пул ба Тоҷикистонро қатъ кардаанд.

Дар бонкҳои бузурги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло низоми “Юнистрим” кор мекунад. Танҳо дар як бонк гуфтанд, ки муштариён ба воситаи низоми “Контакт” низ метавонанд, маблағи худро бигиранд.

Дар Шуъбаи хидматрасонии бонки "Эсхата” гуфтанд, феълан маблағҳои фиристодаро ба воситаи низоми “Юнистрим” пардохт мекунанд. Дар бонкҳои “Арванд”, “Спитаменбонк”, “Коммертсбонк” ва “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” низ айни гапро гуфттанд. 

Як сокини ноҳияи Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта барояш аз Русия ба воситаи “Золотая корона” пул фиристодаанд, то ӯ қарзи бонкиашро пардозад. “Имрӯз дар бонк ба мо гуфтанд, ки илоҷи гирифтанаш нест. Ё бояд аз нав ба воситаи шабакаи дигар фиристанд, ё то замони ҳал шудани масъала мунтазир монем. Агар чунин вазъият буд, бояд аз пеш тарафи Русияро огоҳ мекарданд, ки ба ин шабакаҳо пул нафиристанд. Ҳамаро саргардон карданд,” – афзуд ӯ.

Як корманди бонки тиҷоратии Тоҷикистон ҳам гуфт, бе огоҳӣ ба кор сар кардани маркази миллии интиқоли пул "бесарусомониро эҷод кардааст". Вай гуфт, мардум аз пеш дар бораи шеваи нави интиқоли пул огоҳ набуданд ва ҳоло дар вазъияти ногувор қарор гирифтаанд.

Сокинон ба Радиои Озодӣ аз чанд гӯшаи Тоҷикистон акс фиристоданд, ки шумораи зиёди мардумро дар дохили бонкҳо нишон медиҳад. 

Як тағйироти нав ин аст, ки фиристодани пул аз Тоҷикистон ба хориҷа тақрибан ғайримумкин шудааст. Масъулони “Спитаменбонк” гуфтанд, низоми “Юнистрим” танҳо барои гирифтани маблағи интиқолшуда фаъол аст ва феълан аз Тоҷикистон ба хориҷа маблағ намефиристанд.

Мансур, сокини шаҳри Хуҷанд низ гуфт, бояд ба фарзандаш, ки дар Қазони Русия таҳсил мекунад, пул фиристад, аммо рӯзи сешанбе муваффақ нашуд. "Ҳар сари моҳ ба писарам пул мефиристодам, баъди чанд дақиқа мегирифт. Аммо ин дафъа қабул накарданд. Ҳатто нагуфтанд, ки кадом рӯз метавонам пул фиристам. Намедонам чӣ кор кунам," -- афзуд ӯ. 

Коршиносон мегӯянд, барои роҳ надодан ба чунин бебандуборӣ Бонки миллӣ бояд дастикам як ҳафта пеш аз тасмимаш мардумро огоҳ мекард. Бонки миллӣ танҳо чаҳор рӯз қабл хабар дод, ки 3-юми декабр маркази миллии протссесинги расман фаъол мешавад.

Меҳрубон Бурҳонов, таҳлилгари масоили бонкӣ мегӯяд, дар шароите ки низоми интиқоли пул хуб кор мекард, ҷорӣ кардани низоми нав зарурат надошт.  Ба таъкиди ин таҳлилгар, “эҳтиёҷ ба ҷорӣ кардани системаи нав набуд, ҳарчанд Бонки миллӣ тамоми хароҷоти онро ба дӯш гирифтааст. Агар дар системаи феълии интиқоли пул камбуд мебуд, он вақт лозим буд, ки системаи нав ҷорӣ кунанд. Мо метавонем аз таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя мисол орем. Барои чӣ Қирғизистон ин корро накард?”

Аммо масъулини Бонки миллӣ чандин далели фаъол кардани низоми навро зикр карда буданд. Аз ҷумла масъулини ин ниҳод гуфтанд, қаблан чандин низомҳои интиқоли пул муфлис шуда, дар натиҷа бонкҳои Тоҷикистон зарар диданд. Таҳлилгар Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, барои ҳалли ин мушкил эҳтиёҷ ба сохтани низоми нав набуд, балки танҳо додани иҷозатнома ба низомҳои эътимодбахш масъаларо ҳал мекард.

Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳар низоме, ки мехоҳад ба Тоҷикистон пул интиқол диҳад, бояд шомили Маркази миллии протесстингӣ шавад ва шарту қоидаҳои онро пазирад. Яке аз шартҳои асосии пайвастан ба ин марказ он будааст, ки низомҳои интиқол бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоб кушода, маблағи баробар ба як рӯзи интиқолро захира кунанд. Талаботе, ки муҷиби асосии ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи русӣ шудааст.

Як зарурати дигари таъсиси ин маркази ягонаи интиқоли пул ба Тоҷикистон тавсеаи мубориза бо пулшӯӣ, пешгирӣ аз сармоягузории терроризм ва ҳамчунон ҷамъоварии омори дақиқи пулҳои ба кишвар интиқолшуда гуфта мешавад. Мақомоти Бонки миллӣ гуфта буданд, низоми кунунӣ омори дақиқеро ба онҳо пешкаш намекунад ва ин ба амнияти иқтисодии давлат хатар дорад. Чизе, ки низомҳои байналмилалии интиқоли пул бо он розӣ нестанд. 

Аввалин вокунишҳо аз Русия ба иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон. САДО

Низоми нави интиқоли пул дар Тоҷикистон. Ҳама чиз аз мӯрии Бонки Миллӣ мегузарад?





Губернаторы России
Москва

Собянин: Общегородской школьный выпускной пройдет в Москве 28 июня





Москва

Инго Экосистема стала победителем национальной премии FinTech Awards Russia


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Встреча, посвященная творчеству Булата Окуджавы, пройдет 9 июня в Доме творчества «Переделкино»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Подмосковные атлеты выиграли 7 медалей на Мемориале братьев Знаменских

На Играх стран БРИКС выступят выпускники амурских спортшкол

Открытый чемпионат по мажореткам «Парад Московии» прошел в Истре


Елена Рыбакина

В России заговорили о Елене Рыбакиной после смены теннисисткой гражданства



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Блоги

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Родители 308,9 тысячи детей в Московской области получают единое пособие



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России