Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Истихроҷи ангишт бештар шуд, нархҳо на поин, боло рафт. ВИДЕО

0
Истихроҷи ангишт бештар шуд, нархҳо на поин, боло рафт. ВИДЕО

Бо шурӯи фасли сармо ва бештар шудани талабот ба ангишт, нархи он на танҳо дар минтақаҳои дурдаст, балки дар маҳаллаҳои атрофи пойтахт ҳам гарон шудааст. 

Ҳоло арзиши як килограм ангиштсанги истеҳсоли Қирғизистон аз 1 сомониву 30 дирам ба ду сомонӣ расида, нархи ангишти ватанӣ низ боло рафта, аз 50 дирам ба як сомонӣ баробар шудааст. Аз 50 то 70 дирам гарон шудани нархи ангишт сокинонро нигарон кардааст. Фурӯшандаҳо афзоиши талабот, харҷи ҳамлу нақл ва андозро далели боло рафтани нархи ангишт мегӯянд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар дод, ки истихроҷи ангишт дар нуҳ моҳи ахир 1,5 миллион тонна буда, нисбати соли гузашта 200 ҳазор тонна зиёд аст.

Фахриддин Эгамбердиев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳар рӯз дар дӯкони нонпазиаш бештар аз 30 килограм ангиштсанг истифода мебарад. Мегӯяд, барои тӯлонитар гарм нигоҳ доштани танӯр, ӯ аз ангишти қирғизӣ истифода мекунад. Аммо ин нонпазро ҳоло боло рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ нигарон кардааст. Ба гуфтаи вай, агар то як ҳафтаи пеш ҳар килограм ангишсангро як сомонию 30 дирам харидорӣ мекард, ҳоло нархи он то ду сомонӣ расидааст. 

"Вақте ҳафтаи пеш ҳаво сард шуду барф борид, ҳамон лаҳза нарх ҳам иваз шуд. Ҳоло ангишти қирғизӣ аз ангиштҳои ватанӣ як баробар қимат аст вале ба хотири ин, ки сифаташ хуб аст, маҷбурем ҳамонро харидорӣ кунем. Вақте соҳибкорон мебинанд, ки талабот ба маҳсулоташон бештар аст, нархро боло мебаранд"-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Мисли Фахриддин, муштариёни ангишти Қирғизистон бо вуҷуди як баробар боло будани нархаш, бештар будаанд. Чунки ба гуфтаи онҳо, "ангишти қирғизӣ хуб месӯзад ва то дер мемонад, аммо ҳарорати ангишти Тоҷикистон камтар аст". Вале онҳое ки вобаста ба шароити молии худ барои зимистон сӯзишворӣ мехаранд, мегӯянд нархи ангишти ватанӣ ҳам нисбати соли гузашта боло рафтааст.

Моҳпайкар Каримова, сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ҳамеша дар фасли сармо ангишт мехарад, вале нархҳо имсол барои ӯ мушкил пеш овард. "Соли гузашта як халтаи 30 килограмии ангишти Айниро 15 сомонӣ мехаридем, ҳоло худатон бинед, имсол ҳамин миқдор 30 сомонӣ аст. Ангишти қирғизӣ бошад як баробар қимат, ки тавонам намерасад. 30 кило ангишти қирғизӣ 75 сомонӣ мешавад",-нигаронӣ кард ӯ.

Нигаронии сокинон аз боло рафтани нархи ангишт дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 21 кони ангишт вуҷуд дорад ва захираҳои шиносоишуда дар онҳо 4 миллиард тонна эълон шудааст. Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар дод, ки истихроҷи ангишт дар нуҳ моҳи ахир 1,5 миллион тонна буда, нисбати соли гузашта 200 ҳазор тонна бештар аст. Ин вазорат мегӯяд, ҳоло дар анборҳояш 411 ҳазор тонна захираи ангишт дорад.

 

Амрулло Акбаров, ки тоҷир аст ва ангишти истихроҷи ноҳияи Айнӣ ва ангишти воридотӣ аз Қирғизистонро мефурӯшад, гарон шудани нархи ангиштро ба чанд омил рабт дод. "Яке аз сабабҳои асосӣ, ин ба мавсим вобаста аст. Вақте талабот нисбати як маҳсулот зиёд шуд, аз макони истеҳсол арзишаш тағйир меёбад. Баъдан, нархи сӯзишвории нақлиётӣ низ хеле баланд асту ангишт тавассути нақлиёти гаронвазну серхарҷ дастрас мегардад. Агар шароити молӣ бошад, аҳолӣ моҳҳои апрел ва май ангиштро аз конҳо харидорӣ мекунанд. Бархеҳо дар фасли гармӣ ангишти зиёдро харидорӣ карда, дар зимистон бо нархи гаронтар дастраси аҳолӣ менамоянд". 

Аз сӯи дигар, фурӯшандагон сабаби гарон шудани нархи ангишти қирғизиро дар боло рафтани нархи ҳамлу нақл рабт медиҳанд ва боло рафтани ангишти ватаниро ба бештар шудани талабот дар корхонаҳои калони истеҳсолӣ медонанд. Бар асоси омори расмӣ, аз 1 миллиону 500 ҳазор тонна ангиште, ки дар нуҳ моҳи ахир истихроҷ шудаааст, ҳудуди 60 дарсадаш дар Маркази барқу гармдиҳии "Душанбе - 2" сарф мешавад.

Дар вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳам гуфтанд, ки қисмати зиёди ангишти истихроҷшуда ба коргоҳҳои саноати фурӯхта мешавад: "Дар ин давра ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2-и шаҳри Душанбе 856 ҳазор тонна ё 58 дарсад, корхонаҳои саноатӣ 481 ҳазор (32,6%), аҳолӣ 106 ҳазор (7,2%), муассисаҳои буҷавӣ -18 ҳазор (1,24%) ва содирот ҳудуди 11 ҳазор тон (0,7%) рост омад". Арзиши молии ин миқдор ангишти истихроҷшуда наздик ба 237 миллион доллар баровард шудааст. Тибқи омори расмии ин вазорат, Тоҷикистон соли ҷорӣ ба Покистон ва Узбакистон ҳудуди 11 ҳазор тонна ангишт содир кардааст.

Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон имкони содироти миқдори бештари ангиштсангро дар ихтиёр дорад, аммо дар интиқоли он мушкилиҳо пеш омадааст. Аз ҷумла, ангиштсанги Тоҷикистон тавассути мошинҳои боркаш интиқол меёбад, аммо ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо, аз ронандаҳои мошинҳои боркаш маблағи бузурги хироҷ ситонида мешавад, ки дар натиҷа, ин маблағ ба қимати ангиштсанги Тоҷикистон изофа шуда, рақобатпазирии онро коҳиш медиҳад.

Аммо иқтисоддонҳо афзоиши талабот ба ангишти Қирғизистонро барои кишваре, ки даҳҳо кони пур аз ангишт дорад, дар камбуди маркетологҳои хуб медонанд. Дилшод Аҳмадов, шореҳи иқтисодӣ ба ин назар аст, ки бояд пешниҳоди фурӯши ангишти ватанӣ дуруст роҳандозӣ шавад.

"Майдонҳои марказӣ ва ғарбии кони ангишти "Фон-Яғноб" ва қитъаи ғарбии кони ангишти "Зиддӣ" барои истихроҷи зеризаминии ангишт мусоид аст ва дар ин замина ба натиҷаҳои баланди истихроҷ ноил шудан мумкин аст. Магар аз 20 кон дар Тоҷикистон намешавад мисли ангишти қирғизӣ истихроҷ кард?",-мегӯяд Аҳмадов. 

Дар гузашта мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки аз воридоти ангишти хориҷӣ ҷилавгирӣ мекунанд, вале бо ин вуҷуд ҳамасола ҳазорҳо тонна ангиштсанг аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. 

Дар Тоҷикистон дар фасли сармо, ба ҷуз аз шаҳрҳои асосӣ, дар нуқоти дигари кишвар гоҳу ногоҳ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад ва сокиноне, ки дар ҳавлӣ зиндагӣ доранд, барои гарм кардани хонаҳояшон аз маводи сӯхтии алтернатив, назири ангиштсанг, истифода мекунанд.

Аз сӯи дигар, соҳибназарон мегӯянд истифодаи камтари ангиштсанг барои гарм кардани манзил барои ҳифзи муҳити зист судовар аст. Зеро, дар пайи сӯхтани ангиштсанг дудҳои зарарнок вориди фазо шуда, ба гармшавии иқлим таъсиргузор мешавад. Ҳамзамон, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз дуди ангишт ҷон бохтани теъдоде аз сокинон сабт мешавад ва соли ҷорӣ низ аз ин ҳодисаҳо истисно нест.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году





Москва

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Стоцкая

Анастасия Стоцкая и Иван Казьмин перестали скрывать свой роман




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ


Ролан Гаррос

Мирра Андреева вышла во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В столице Поморья состоялось первенство области по пляжному волейболу



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России