Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Гузориши таҳқиқӣ: "Фурӯши садҳо духтар"-и покистонӣ ҳамчун арӯс ба чиниҳо

0
Гузориши таҳқиқӣ:

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар як гузориши таҳқиқӣ мегӯяд, ба рӯйхате аз 629 духтар ва зани покистонӣ дастрасӣ пайдо кардааст, ки аз соли гузашта ҳамчун арӯс (келин) ба мардони чинӣ "фурӯхта" шуда ва аз Покистон ба Чин бурда шудаанд. Ин гузориши ихтисосӣ мегӯяд, рӯйхати ин хонумҳо бо натиҷаҳои таҳқиқоти ҳукумати Покистон дар бораи шабакаи қочоқи занони фақир ва осебпазир аз ин кишвар, мувофиқат дорад.

Тибқи ин гузориш, ҳарчанд мақомоти Покистон ибтидо таҳқиқоте барои бархӯрд бо шабакаи қочоқи занон оғоз карданд, аммо аз тобистони соли ҷорӣ тадбирҳои сахти ҳукумати Покистон дар робита ба ин масъала ба хотири тарс аз ба хатар афтодани робитаҳо бо Чин, коҳиш ёфтааст.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ як додгоҳ дар шаҳри Файсалободи иёлати Панҷоб 31 марди чиниро муттаҳам ба қочоқи занони покистонӣ ба Чин кард. Дар ҳоле, ки чандин зани қурбонӣ, ки дар таҳқиқоти пулис ҳозир ба додани маълумот шуда буданд, ба хотири тарс ё ришва, дар ҷаласаи додгоҳӣ сукут карданд ва танҳо ду зан ба унвони шоҳид, он ҳам бо ин шарт, ки аз онҳо ном бурда нашавад, ҳозир шуданд дар бораи ин шабака дар додгоҳ гувоҳӣ диҳанд.

Таҳқиқгарон рӯйхати 629 зани покистониро аз системаи идораи ягонаи марзӣ, ки ҳуҷҷатҳои сафар дар он сабт мешаванд, ба даст оварданд. Маълумотҳо шомили номи хонумҳо, шумораи шиносномаҳои онҳо, номи шавҳарони чиниашон ва ҳамчунин таърихи издивоҷашон, мебошад. Ҳамаи ин издивоҷҳо дар соли 2018 ва то апрели соли 2019 сурат гирифтааст. Як мақоми баландпоя гуфтааст, ба бовари ӯ, ҳамаи ин 629 духтар аз сӯи хонаводаҳояшон фурӯхта шудаанд.

Салим Иқбол, аз фаъолони ҳукуқи башар дар Покистон мегӯяд, мақомоти кишвар таваҷҷуҳе ба масъалаи қочоқи занон ба Чин нишон намедиҳанд. Чандин мақоми покистонӣ низ гуфтаанд, ҳукумат таҳқиқот роҷеъ ба ин мавзуъро мутаваққиф карда ва ба расонаҳо фишор ворид мекунад, ки чизе дар бораи қочоқи занон ба Чин нашр накунад. Ба ақидаи Салим Иқбол, фақру нодорӣ сабаби асосии ба чунин вазъ гирифтор шудани хонаводаҳои покистониҳост.

Як мақоми покистонӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, "касе барои ин духтарон кӯмак намекунад. Мақомот пайгирӣ намекунанд, ҳама зери фишор ҳастанд, ки таҳқиқ накунанд. Қочоқ рӯ ба рушд аст".

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва умури хориҷии Покистон шарҳи ин мавзуъ худдорӣ кардаанд.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Чин ҳам аз ин феҳрист бехабарӣ кардаанд. "Ҳукуматҳои Чин ва Покистон ташкили довтлабонаи оилаҳои хушбахт миёни мардумони худ бар асоси муқаррарот ва қонунро пуштибонӣ мекунанд. Аммо ҳамзамон бо қотеият дар муқобили ҳар шахсе, ки рафторҳои ғайриқонунӣ дар ин бора мекунад, бархӯрд менамоянд",-омадааст дар посухи вазорати умури хориҷии Чин ба пурсиши Ассошиэйтед Пресс.

Моҳи май мақомоти покистонӣ даҳҳо шаҳрванди Покистон ва Чинро бо гумони даст доштан дар қочоқи инсон ва истисмори ҷинсӣ боздошт карданд. Бархе аз ҷабрдидагон гуфтаанд, ки шавҳарони чинӣ ба онҳо таҳдид мекардаанд, ки мекушанд ва аъзои баданашонро мегиранд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" аз ин пеш дар моҳи июн ба нақл аз ду манбаъ гузориш дода буд, ки мансабдорони баландпоя дар Исломобод аз пулис талаб карданд, ки ба хотири вайрон накардани муносибатҳои миёни Покистон ва Чин маълумоти марбут ба одамфурӯширо расонаӣ накунад.

Дар пасманзари сиёсати "як оила — як фарзанд", ки сабаби нобаробарии ҷинсӣ дар Чин шуд, талабот ба арӯсони хориҷӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад. Созмонҳои ҳуқуқи инсон борҳо талаб кардаанд, ки чунин шикоятҳо ҳамаҷониба санҷида шаванд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузашта интиқоли занонро аз панҷ кишвари осиёӣ ба Чин барои истисмори шаҳвонӣ ошкор карда буд. Дар гузашта дар бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна низ аз афзоиши издивоҷи занони маҳаллӣ бо мардони чинӣ нигарониҳое садо дода буд.

Пекин, ки яке аз шарикони калидии амниятӣ ва иқтисодии Исломбод аст ва барои бунёди долони иқтисодии чинию покистонӣ (CPEC) миллиардҳо доллар сармоя гузоштааст. Чин ва Покистон дар соли 2015 қарордоди 46-миллираддолларӣ барои сармоягузории чиниҳо дар бахшҳои мухталифи ин кишвар имзо карданд.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Музыка и стихи: концерт к 100-летию со дня рождения Булата Окуджавы состоится в Троицке




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Третий визит Путина: Узбекистан стал Москве ближе Казахстана. Как среагировал Кремль на "заигрывание" Астаны с Лондоном.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России