Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Баҳси бунёди манзили ду хоҳари нобино - мақомот замин доданд, ҳамсоя намегузорад. ВИДЕО

0
Баҳси бунёди манзили ду хоҳари нобино - мақомот замин доданд, ҳамсоя намегузорад. ВИДЕО

Як сокини ноҳияи Восеъ, ки нобинои модарзодӣ аст, мегӯяд, дар замине, ки расман барои ӯву хоҳараш ҷудо шудааст, наметавонанд манзил бунёд кунанд, чун ҳамсояаш ба ин кор мухолифат дорад.  Мақомот мегӯянд, ки заминҳои Сафаралӣ Баротов ба фонди манзил гузаронида шудааст ва сокинон ҳақ доранд, ки дар он хона бунёд кунанд. Аммо Сафаралӣ Баротови ба ин кор розӣ нест ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Ҳукумати ноҳияи Восеъ дар аввалҳои соли ҷорӣ ба Марҷона Динорова, сокини 34-солаи деҳаи Баҳористони ҷамоати Миралӣ Вайсов барои сохтмони манзил чаҳор сотих замин ҷудо намуд. Ҳоло баҳси ин замин ба додситонӣ кашида шудааст.

Марҷона Динорова рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд сол пеш барои ҷудо намудани замин ба ҳукумати ноҳия дархост пешниҳод кард ва барои ӯву хоҳараш, ки ӯ ҳам нобино мебошад, чаҳор сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд. Аммо ба гуфтаи Марҷона Динорова, хонаводаи ҳамсояашон Сафаралӣ Баротов, ки дар Душанбе низ тиҷорат доранд, алайҳи онҳо даъво намуда ва намегузоранд манзилашонро бунёд кунанд.

"Сафаралӣ Баротов ҳамсояаамон мешавад, аммо замини маро симтур гирифта, намемонад, ки хонаро бунёд кунем. Ба муовини раиси ноҳия Алихон Худоёрзода муроҷиат кардам, ӯ низ гуфт, рафта хонаатро бунёд кун, вале ин ҳамсояаамон, ки дар Душанбе соҳибкор аст, намемонад, ки хонаамро созем ва ҳоло ба додситонӣ ариза пешниҳод кардааст",-гуфт мусоҳиби мо.

Талошҳои мо барои дарёфти назари хонаводаи Сафаралӣ Баротов, ки даъвои соҳиби замин буданро доранд, натиҷае надод. Хонаводаи Баротовҳо баъди зангҳои пай дар пайи мо посухе надоданд ва телефонашонро хомӯш карданд. 

Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ низ хабари баҳси монеагузории хонаводаи Баротовҳо барои бунёди манзили ин ду хоҳари нобиноро тасдиқ карданд. Алихон Худоёрзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ чоршанбеи 4-юми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, он заминҳое, ки ҳоло ба сокинон дода шудааст, дар гузашта заминҳои деҳқонӣ буд, аммо бо фармони ҳукумати Тоҷикистон ба фонди манзил гузаронида шуд.

Худоёрзода гуфт, ки хонаводаи Баротовҳо дар оғоз нисбат ба қарори ҳукумати ноҳия ба ниҳодҳои интизомӣ шикоят бурданд, аммо мақомот, қазияро ба нафъи сокинон ҳал карданд. Ба гуфтаи Худоёрзода, ба ин нигоҳ накарда ҳоло хонаводаи Баротовҳо ба додситонӣ муроҷиат кардааст.

"Аввал ин заминҳо хоҷагии деҳқонӣ буд, вале ҳукумати ҷумҳурӣ онро ба фонди манзил гузаронд. Хонаводаи Баротовҳо дар онҷо 28 сотих замин доштанд ва ҳоло даъвои онҳо низ ҳамин аст. Ба дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ариза доданд, аммо онҳо ҳал карданд ва ҳоло боз ба прокуратура ариза доданд",-гуфт муовини раиси ноҳияи Восеъ.

Хонаводаи Марҷона Динора мегӯянд, борҳо хайрхоҳоне пайдо шуданд, ки барои бунёди манзил омодагӣ карданд, вале афрод хонаводаи Баротовҳо монеи кори онҳо шуданд. Ҳоло Динора Марҷонова ба ваъдаи ҳукумат ҳам ба шубҳа менигарад.

Баҳси замину хона дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ аст ва додгоҳҳои кишвар ҳар рӯз тақрибан ба ин монанд парвандаҳоро баррасӣ мекунанд. Баъзеҳо иддао доранд, ки замину хонаашонро беасос гирифтаанд, дигарон шикоят мекунанд, ки хонаашон ноодилона вайрон мешавад.

Баъзан додгоҳҳо низ наметавонанд баҳси хонаву заминро мувофиқи табъи дили даъвогарон ҳал кунанд ва он ба муноқишаву занозанӣ ва хунрезӣ кашида мешавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Желдорреммаш

Уссурийский ЛРЗ расширяет форматы промышленных экскурсий на предприятие




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Горящее в Москве здание обрушилось на площади 1,5 тыс. кв. метров



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России