Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Боздошти як масъули қисми марзбонӣ баъди қасди худкушии сарбоз

0
Боздошти як масъули қисми марзбонӣ баъди қасди худкушии сарбоз

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Файзулло Раҳимов, як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро дастгир кардаанд. Ӯ ба "суистифода аз мансаб" ва "берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ", муттаҳам аст. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад. Вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Раҳимов то ҳол дар ин замина ибрози назар накардаанд.

Мақомоти Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ифтитоҳи парванда бар зидди Файзулло Раҳимовро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёт надоданд.

Як манбаъ дар додситонӣ ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Файзулло Раҳимов баъди  кӯшиши худкушии Ҳусниддин Тоҳиров, сарбози қисми ҳарбии "0307", марбут ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, сарбоз дар оғози моҳи декабр сирко нӯшида, қасд ба ҷони худ кардааст.

"Капитан Файзулло Раҳимов, иҷрокунандаи сардори Комендатураи қисми ҳарбии 0307-и Қушӯнҳои сарҳадӣ ба сарбоз ва як афсари дигар беш аз 1000 сомонӣ дода, гуфтааст, аз зодгоҳашон ду гӯсфанд биоранд. Онҳо ба ин нарх гӯсфанд наёфтаанд. Ҳангоми хабар додан дар ин бора таҳдид шунидаанд. Сарбоз замони бозгашт дар Кӯлоб аз мағоза об ва сирко гирифта, дар яке аз ҳоҷатхонаҳои бозор хӯрдааст",-афзуд ӯ.  

Наздиконаш мегӯянд, Ҳусниддин Тоҳирови 22-сола аз ноҳияи Темурмалик ҳашт моҳ пеш ба артиш рафта буд. Ҳоло ӯ дар бемористони вилоятии Кӯлоб бистарист.

Бахтиёр Ҳакимов, пизишки бемористони Кӯлоб гуфт, ки Ҳусниддин Тоҳировро рӯзи 2-юми декабр овардаанд ва ҳоло вазъаш беҳтар аст. "Дараҷаи заҳролудшавиаш миёна буд ва мо тамоми кӯшиши худро барои наҷоти ӯ анҷом додем",-афзуд ӯ.  

Озода, модарандари Ҳусниддин Тоҳиров, гуфт, писараш оиладор аст ва соҳиби як фарзанд мебошад.

Мо дар бемористони Кӯлоб Ҳусниддин Тоҳировро аз наздик дидем, аммо ӯ нахост дар бораи ин ҳодиса сӯҳбат кунад ва тафсилотро бигӯяд.

Солҳои ахир дар бораи қасди худкушӣ ва ё марги сарбозон дар ҳангоми хидмат дар артиш хабарҳои зиёд мерасад. Танҳо имсол ба "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон волидони чаҳор сарбоз муроҷиат кардаанд, ки 3 нафари онҳо ҳангоми хидмат дар артиш фавтидаанд. Волидони сарбозон ба шарҳи расмии мақомот оид ба марги фарзандашон шак доранд ва мехоҳанд, сабабҳои асосии марги онҳоро бидонанд.

Мақомот ҳар дафъа марги сарбозонро онро ба бемории онҳо рабт медиҳанд ва ё ҳодисаи тасодуфӣ мегӯянд. Кам иттифоқ афтодааст, ки масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

VK Fest

Красноярск впервые примет крупнейший фестиваль в России «VK Fest 2024»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В новой Москве соревновались нештатные формирования

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

Работники Пожарно-спасательного центра показали свою слаженность в боевом развертывании


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

"СВЯТОЙ ЛЕНИН" раскрыл загадку В.В. Жириновского и В.Г. Мессинга. СЕНСАЦИОННЫЕ ДАННЫЕ!



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России