Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

“Девор кафид, бом лағжид”. Шикояти сокинони Сурхоб аз як ширкати сохтмонӣ. ВИДЕО

0
“Девор кафид, бом лағжид”. Шикояти сокинони Сурхоб аз як ширкати сохтмонӣ. ВИДЕО

Чанде аз сокинони як маҳаллаи шаҳри Душанбе мегӯянд, назди манзили зисташон ширкате чоҳ кандааст ва зиндагии онҳо рӯз то рӯз хатарнок мешавад.

Сокинони маҳаллаи Сурхоби пойтахт мегӯянд, як ширкати сохтмонии “Аюб 2010”  бо баҳонаи бунёди баландошёна назди хонаҳои онҳо чоҳ канд, ки дар пайи он деворҳои манзили зисташон кафид ва бомҳояшон лағжид.

Масъулини ширкат мегӯянд, ҷуброни зиёни расидаро ба сокинон пардохт хоҳанд кард.

Ширкати сохтмонӣ дар пайи даъвои сокинон пардохти пули хонаҳоро ба уҳда гирифтааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки бо гузашти чанд моҳ ширкат ҳанӯз ӯҳдадории худро иҷро накардааст.    

Нуралӣ Ғуломов, сокини кучаи Сурхоби шаҳри Душанбе мегӯяд, дар хонаи ӯ се оила бо тарс зиндагӣ дорад. Ӯ гуфт, имкон дорад, ки ҳар лаҳза хонааш фурӯ равад. 

"Имшаб соати 12 як булдозери вазмин оварда, заминро канданд. Ман гуфтам, эй мардум чаро меканед? Охир, хонаҳо фурӯ рафта истодааст, гуфтанд, ки ҳеҷ чиз намешавад. Хонаҳоямон дар ҳолати садамавӣ аст",-- афзуд, Нуралӣ Ғуломов.

Манзили зисти Нуралӣ, биноба хулосаи мутахассисон садамавӣ аст.

Ин ҳолат замоне ба вуҷуд омад, ки ду соли пеш ширкати сохтмонии “Аюб 2010” дар фосилаи наздик ба хонаи ӯ барои сохтмони як бинои нав чоҳ канд ва ҳанӯз ҳам он пӯшонида нашудааст.

Нуралӣ Ғуломов мегӯяд: "Сабаб ин аст, ки заминро ҷумбондаанд. Як дастгоҳ оварданд, заданд, ларзонданд, хонаҳои мо осеб дид. Деворҳо аз пушт ҳама кушода шуд. Ҳатто бетонҳо афтид.”

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи замин расман хонаҳои онҳоро садамавӣ эътироф карданд.

Хонаводаи Фарҳод Убайдуллоев, сокини дигари кӯчаи Сурхоб шаш моҳи пеш манзилашонро тарк карда, иҷоранишин шудаанд. Фарҳод мегӯяд, баъди шуруи сохтмон дар маҳаллаашон зиндагӣ дар манзили онҳо номумкин ва хатарнок шуд.

Ширкати “Аюб 2010” чанд моҳи аввал пули иҷораи онҳоро пардохт кардааст, вале баъдан дигар ин кӯмак қатъ шуд.  

"Хонаи кӯҳнаамон кафид, фикр кардем хона кӯҳна аст, канда аз нав сохтем. Вале боз ҳам кафид ва валангор шуд. Сохтмонро шурӯъ карда, чоҳ канданд. Чоҳ ду сол пур аз об монд. Дар хонаҳои мо зиндагӣ номумкин аст. Замин то 10 метр шикоф шуд ва шишт. Ҳама кафидагӣ аст",--мегӯяд, ин сокини Душанбе.

Дар маҷмӯъ се манзили зист дар кучаи Сурхоб, дар ҳамсоягии сохтмони мутаалиқ ба ширкати “Аюб - 2010” дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Ширкат баъди шикояти сокинон ба онҳо расман шартнома баста, уҳдадор шудааст, ки хонаҳои онҳоро харидорӣ мекунад, вале ба иддаои сокинон, бо гузашти 7 моҳ ширкат уҳдадории худро иҷро накардааст.

Тағйир ёфтани раҳбарони ширкати сохтмонӣ ҳам дар ин авохир сокинонро ноумед кардааст.

Фарҳод Убайдуллоев мегӯяд, “аз аввал гуфтанд, мо хонаро мехарем ва майдони варзишӣ мекунем, вале ҳоло гапи масъулини ширкат дигар шудааст ва фақат “мебинем” мегӯянд.”

Ширкати “Аюб 2010” дар маҳалаи Сурхоби Душанбе як биноро то се ошёна бардошта, барои таҳкурсии як бинои дигар чоҳ кандааст. Сокинон мегӯянд, ҳамин чоҳ сабаб шудааст, ки хонаҳои онҳо ба оҳистагӣ фурӯ меравад.

Хулосаи мутахассисон ниҳодҳои масъул ҳам дар муайян кардани ҳолати садамавии хонаи сокинон якранг нест.  

Раҳбари нави ширкати “Аюб 2010”, ки нахост муаррифӣ шавад, рӯзи 29 уми ноябр  дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагӣ се рӯзи пеш масъулияти идомаи сохтмонро ба душ гирифтааст ва ҳанӯз бо ҳуҷҷату шикояти сокинон дуруст ошно нест. 

Ӯ гуфт, ки "худам саҳмдорам дар ин ширкат ва ҳанӯз ҳуҷҷҷатҳоро нагирифтаам ва намедонем раҳбари пешин чӣ уҳдадорӣ дошт."

Масъули феълии ширкат дар масъалаи пардохти пули хонаи сокинон чизе нагуфт, аммо соҳибони хонаҳое, ки иддао доранд, бо айби ширкат, манзили зисташон хатарнок шудааст, ҳоло бо муроҷиат ба мақомот, тақозо доранд, ки ё сохтмони бино қатъ шавад, ё пули хона ва ҷубронпулии онҳо пардохт гардад.

Раҳбари қаблии ширкат ҳам, ки уҳдадории таъмин кардани сокинони хонаҳои садамавиро ба уҳда гирифтааст, ба гуфтаи масъулини феълии ширкат, ҳоло дар кишвар нест.

Дар шартномаи ширкат бо сокинон, исми раиси пешини ширкат Нозимҷон Яқубов гуфта шудааст. Дар ҳуҷҷат ширкати дигаре бо номи “Нури Раҳмон” ҳам саҳмдори сохтмон зикр шудааст.

Масъулини феълии ширкат дар масъалаи пардохти пули хонаи сокинон чизе намегӯянд, аммо соҳибони хонаҳое, ки иддао доранд, бо айби ширкат манзили зисташон хатарнок шудааст, ҳоло бо муроҷиат ба мақомот тақозо доранд, ки ё сохтмони бино қатъ  шавад, ё пули хона ва ҷубронпулии онҳоро бидиҳанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

60 сосисок и чёрный хлеб: раскрыт райдер рэпера Басты




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Українські новини

ОіБ - охорона і безпека: замовляй охорону в Харькові



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России