Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Туркманистон, Ветнам ва Умон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё

0
Туркманистон, Ветнам ва Умон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал 6-уми декабр дар меҳмонхонаи «Олимпия»-и Ишқобод доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуд.

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон ба гурӯҳи  “А” дохил аст.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедовичи сербиягӣ аввалин бозиашро 26-уми феврал муқобили мнтахаби Ветнам баргузор мекунад. Баъдан 28-уми феврал бо мнтахаби Туркманистон вориди рақобат мешавад. Бозии даври охирини сабқати гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон 1-уми март бо мунтахаби Умон анҷом медиҳад.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кардани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон ё Кувайт мешавад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешавад.

Натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии ҷаҳон-2020 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Туркманистон, Ветнам, Тоҷикистон, Умон.

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт.

Гурӯҳи «C»: Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А", ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор шуд, бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ду бозӣ мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6:0 ва мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3:9 мағлуб шуда буд.

Баъди натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи “А” мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Ба ин тартиб, аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳхат гирифтанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 чунин буд:

Дарвозабонҳо:  Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

60 сосисок и чёрный хлеб: раскрыт райдер рэпера Басты




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве 1 июня стартует чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»

Драйв и экстрим: к фестивалю "СтарТуй" присоединятся сильнейшие BMX-райдеры России

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников


Елена Рыбакина

В России отреагировали на "скрытую баранку" и достижение Рыбакиной на Ролан Гаррос



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Получилось ConocoPhillips купит Marathon Oil с оценкой на уровне 22,5 млрд долл. США с учетом долга



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России