Вулқон дар Ҷазираи шимолии Зеландияи Нав 5 нафарро кушт
Ба гуфтаи мақомоти пулис, дар натиҷаи таркиши вулқон дар Ҷазираи шимолии Зеландияи Нав ба камияш 5 кас кушта ва 20 каси дигар захмӣ шуданд. Шумори бедаракшудагон беш аз даҳ нафар будааст.
Мақомот мегӯянд, 23 нафар аз мавзеи White Island (Ҷазираи сафед) наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи онҳо, дар атроф ҳудуди 100 нафар қарор доштанд.
Дар изҳороти пулис гуфта мешавад, ҳадди ақал яке аз нафароне, ки ба соҳил оварда шуд, сахт захмӣ аст. Пулис меафзояд, дар минтақа ҳама гуна паровзҳо манъ карда шуд.
Вулқони White Island (Ҷазираи сафед) дар Зеландияи нав аз ҳама фаъол аст.
White Island дар 50-километрии соҳилҳои шарқии Ҷазираи шимолӣ ҷойгир аст ва забонаҳои бузурги вулқон аз қора (материк) дида мешаванд.
Йасинда Ардерн, сарвазири Зеландияи Нав дар нишасти хабарӣ гуфт, "медонем, ки дар замони рух додани ҳодиса дар ҷазира ва атрофи он сайёҳон – ҳам сокинони Зеландияи Нав ва ҳам меҳмонон аз хориҷа ҳузур доштанд."
"Онҳое, ки наздикони дӯстдоштаашон он замон дар ҷазира буданд, ғаму андуҳи зиёде доранд. Итминон медиҳам, ки пулис ҳар кори имконпазирро барои наҷоти онҳо анҷом медиҳад," -- афзуд ӯ.