Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Тавофуқи Путин ва Зеленский барои оташбас ва табодули зиндониён

0
Тавофуқи Путин ва Зеленский барои оташбас ва табодули зиндониён

Президентҳои Русия ва Украина пас аз мулоқоте, ки соатҳо давом кард ва раҳбарони Олмон ва Фаронса низ дар он ҳузур доштанд, созиш карданд, ки то поёни соли ҷорӣ "ба таври комил ва фарогир" оташбас барқарор кунанд.

Музокироти Владимир Путин, Володимир Зеленский, Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон, раҳбарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса, ки рӯзи 9-уми декабр дар Порис баргузор шуд, 8-9 соат давом кард.

Ин музокирот бо ҳадафи поён додан ба даргирӣ байни нерӯҳои украинӣ ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия дар Донбасс ва поён додан ба даргириҳо дар шарқи Украина, баргузор шуд. Раҳбарони ду кишвар айни ҳол бар сари мубодилаи зиндониён то охири соли 2019 ба тавофуқ расиданд.

Бино бар баёнияи нашршуда пас аз музокирот, тарафҳо ӯҳдадор шуданд то пеш аз поёни соли 2019, оташбаси комил ва фарогир барқарор созанд.

Тибқи ин баёния, се минтақаи дигар низ барои қатъи даргириҳо ва хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ ва таҷҳизоти низомӣ то моҳи марти соли 2020 таъйин шудааст. Пеш аз оғози музокирот дар Порис низ нерӯҳои украинӣ ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия аз се нуқта дар хатти марзии шарқи Украина хориҷ шуда буданд.

Раҳбарони Украина бидуни онки ба якдигар нигоҳ кунанд ва бидуни онки дар баробари наворбардорон ва хабарнигорон бо якдигар даст диҳанд, вориди толори нишаст шуда буданд. Пас аз он Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти хабарӣ дар Порис гуфтааст, "бале, метавон аз гарм шудани робитаҳо сухан гуфт."

Володимир Зеленский ҳамтои украинии ӯ низ дар ҳамон нишасти хабарӣ аз ин мулоқот ибрози хурсандӣ кардааст. Ин нахустин дидори рӯ дар рӯ байни Зеленский, раиси ҷумҳури нави Украина ва Владимир Путин буд.

Бо вуҷуди созишҳои ба дастомада, аммо ду тараф натавонистанд роҷеъ ба бархе ихтилофҳои асосӣ роҳҳалле пайдо кунанд. Аз ҷумла, роҷеъ ба таъйин замон барои баргузории интихобот дар шарқи Украина ё марзбандии минтақаҳое, ки аз назорати Киев хориҷ шуда буд. Бо ин ҳол, тарафҳо дар мавриди пок кардани минтақаҳои мавриди низоъ аз минаҳо ба тавофуқ расидаанд.

Оқои Зеленский низ аз инки гомҳои хеле кӯчаке барои поён додан ба бӯҳрон дар Донбасс бардошта шуд, ибрози таассуф кардааст. Ҳамчунин раҳбарони чаҳор кишвар дар Порис созиш кардаанд, ки дар ҳамин қолаб, тайи чаҳор моҳи оянда дигарбора мулоқот хоҳанд кард.

Пас аз ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ба қаламраваш дар соли 2014, бахшҳое калоне аз минтақаҳои Луганск ва Донетск дар шарқи Украина ба назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия даромад. Ҷангҳо замоне оғоз шуд, ки нерӯҳои давлатии Украина талош карданд минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабонро пас бигиранд. Ҷанг дар шарқи Украина шаш сол аст идома дорад ва беш аз 13 ҳазор нафар кушта ва 40 ҳазор нафари дигар замхӣ шудаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианисту провели уникальную операцию в Воронеже




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Дарья Касаткина

Касаткина о романе Синнера и Калинской: рада, больше ничего не хочу говорить



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Горняцкие игры: состоялась летняя спартакиада Группы «Сибантрацит»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России