Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Аз 19 то 29 сол. Ҳукми муттаҳамони ошӯб дар зиндони Ваҳдат

0
Аз 19 то 29 сол. Ҳукми муттаҳамони ошӯб дар зиндони Ваҳдат

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми аксари муттаҳамон ба ошӯб дар зиндони Ваҳдатро эълон кардааст. Додгоҳ онҳоро ба 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва куштор, айбдор донистааст. Аммо худи муттаҳамон ва наздиконаш ҳукмро "ноодилона" медонанд. Дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат, ки охири моҳи май рӯй дод, 32 нафар бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расида буданд.

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми аксари муттаҳамон дар ошӯби зиндони Ваҳдат содир шудааст.

Аммо дар Додгоҳи олӣ аз шарҳи ҳукми додгоҳ худдорӣ карданд. 

Вакилони дифои маҳкумшудаҳо ҳам гуфтанд, ки Додгоҳи олӣ 28 нафар зиндониро ба хотири иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин зиндониён аз 19 то 29 сол ба ҳабс маҳкум шуданд.

"Ин ҳукм ба ҳукми пештараи онҳо илова шуд ва онҳо дар асоси маҷмӯи ҷиноятҳо аз 19 то 29 солӣ зиндонӣ шуданд. Вале мо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестем ва аз болои он шикояти кассатсонӣ бурдем", - гуфт вакили дифоъ, ки нахост номаш бурда шавад.

Вакилони дифои ин маҳкумшудаҳо мегӯянд, парванда муҳри махфӣ дошт ва қазияҳои додгоҳӣ низ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуд. Вакилони дифои онҳо имзо гузоштаанд, ки ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд ва ба ин хотир намехоҳанд исмашон дар матбуот зикр шавад.

Аммо яке аз вакилони дифоъ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 28 нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки ба созмондиҳандагони ошӯб "байъат" кардаанд.

Вале худи муттаҳамон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтаанд, ки имкони иштирок дар ошӯбро доштанд, вале даст ба исён назадаанд.

Модари яке аз зиндониён, ки писарашро ба 21 соли зиндон маҳкум кардаанд, бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Додгоҳи олӣ, дастгоҳи президент нома навиштаанд. Ӯ гуфт, ҳукми додгоҳ "хеле ноодилона" буд.

Қарор аст марҳилаи назоратии Додгоҳи олӣ ин ҳукмро бар асоси шикояти наздикон дубора баррасӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол парвандаи чанд нафари дигарро, ки дар ошӯби зиндони Ваҳдат муттаҳам мешуданд, барои омӯзиши дубора пас фиристода буданд ва ҳанӯз ҳукми онҳо содир нашудааст.

Дар миёни ин гурӯҳ Бахтиёр Абдусамадов, бародари Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳам дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар соли 2018 дар Данғара, низ мебошад.

Гулчеҳра Шодмонова, модари Бахтиёр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро ба ошӯб дар зиндон муттаҳам мекунанд, вале ӯ бемор буд ва дар ин ошуб даст надорад.

Ӯ гуфт, охирин марҳилаи додгоҳи дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста ҷараён дорад ва онҳо хабар надоранд, ки писараш дар мурофиа чӣ мегӯяд. Хонум Шодмонова мегӯяд, аксари ҳамроҳони писараш ҳукм гирифтанд.

"Гуфтанд, ки парванда тамом шудааст ва бояд рӯзҳои наздик ҳукмро эълон кунем. Бисёрашонро ҳукм доданд ва модаронашон розӣ нестанд ва шикоят карданӣ ҳастанд. Лекин ҳукми писари маро набароварданд",-гуфт ӯ.

Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. 

Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусони узви гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. 

Мақомот номи маҳбусони кушташударо фавран эълон карданд, вале то ҳанӯз исми онҳое, ки барои ширкат дар ошӯб боздошт шудаанд, маълум нест.

Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот, онҳо панҷ маҳбус ва се нозири зиндонро барои тарсондани дигарон ва зиддият нишон додан ба амалашон куштаанд.

Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд сар зад.

Дар ошӯби аввал 23 маҳбус ва ду нозири зиндон кушта шуданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Фонд музея-заповедника «Царицыно» собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

VK Fest

ГК «Садовое кольцо» приглашает уфимцев посетить первый VK Fest в Башкортостане




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Уимблдон

Елена Рыбакина удивила решением перед Уимблдоном



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


The Beatles

100 лучших сольных песен The Beatles - 6



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России