Оташсӯзӣ дар Саратоғи Айнӣ
Шаби 11-уми декабр як бинои истиқоматӣ дар деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ, ба коми оташ рафтааст. Корбаре ба Радиои Озодӣ аз лаҳзаҳои оташ гирифтани ин бино видеое фиристода гуфт, "ин мактаби деҳа аст ва шабона оташ гирифта, то субҳ хокистар шудааст".
Дар навор дида мешавад, ки алангаи оташ ба ҳаво мепечад ва касе барои хомӯш кардани он талош намекунад ва субҳ бино ба хокистар табдил ёфтааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳуҷраҳои ин бино дар солҳои пеш ба ҳайси синфхона истифода шуда, хонандагон онҷо дарс мехонданд, аммо ҳоло он як бинои кӯҳнаву фарсуда аст ва касе дар он зиндагӣ намекунад.
Муллоғиёс Шарифзода, мудири идораи маорифи ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ оташсӯзиро тасдиқ карда гуфт, ин хона дар гузашта мактаб буд ва хонандагон то синфи 9 онҷо таҳсил мекарданд, аммо бо бунёди мактаби нав дар деҳа, солҳо боз касе дар онҷо дарс намехонд. Мақомоти тафтишотӣ сабаби оташсӯзиро дар бинои собиқи мактаби деҳаи Саратоғ расиши ноқилҳои барқ гуфтанд, вале хисороти расида муайян нашудааст.