Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Сокинони Қалъаихумб мегӯянд, бомбаборон дар он сӯи марз хонаҳояшонро ба ларза овард

0
Сокинони Қалъаихумб мегӯянд, бомбаборон дар он сӯи марз хонаҳояшонро ба ларза овард

Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шаби панҷшанбе мавзеъҳои гурӯҳи Толибон дар ноҳия ё вулусволии Нусайи Дарвози он кишварро бомбаборон кардаанд. Сокинони Қалъаихумб -- маркази Дарвози Тоҷикистон мегӯянд, аз шиддати бомбаборон дару тирезаи манзили онҳо дар ин сӯи марз ба ларза даромад. Ноҳия ё вулусволии Нусай дар рӯ ба рӯи Дарвози Тоҷикистон воқеъ аст ва ин ду минтақаро дарёи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад.

Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 12-уми декабр иттилоъ доданд, ки "дар як ҳамлаи ҳадафмандонаи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар" дар нимашаби панҷшанбе, 12 тундрав ба шумули Қорӣ Самеъуллоҳ, фармондеҳи баландпояи он гурӯҳ кушта ва 7 каси дигар захмӣ шуд.  

Дар хабарномаи мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфта мешавад, дар ин ҳамла, ки дар минтақаи Девлохи вулусволии Нусайи Дарвоз анҷом гирифт, аслиҳаву муҳимот ва васоили нақлиёти Толибон тахриб ва аз байн бурда шудааст. Гурӯҳи Толибон дар робита ба ин хабар то ба ҳол вокунише нишон надодааст ва ин гуфтаҳои мақомоти афғонро манбаъҳои дигар тасдиқ накардаанд. 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳраки Қалъаихумби Дарвози Тоҷикистон ва деҳаҳои атрофи он ба Радиои Озодӣ гуфтанд, садои ҳавопаймоҳо ва бомбаборони онҳоро аз соатҳои тақрибан 22:00 шуниданд ва он то чанд соат идома кард. Ба гуфтаи онҳо, аз шиддати бомбаборон, дару тирезаи манзилҳои сокинони ин сӯи марз ба ларза даромад.

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон қаблан гуфта буданд, ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон аксари бахшҳои вулусволии Нусай, ҳамсарҳад бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистонро тасарруф кардаанд ва давлат танҳо дар маркази ин вулусволӣ ҳокимият дорад. Дар тозатарин ҳамлаи афроди Толибон, раҳбари ҷунбишҳои мардумӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Нусай бо номи Зайдулло бо ду тан аз афродаш кушта шуданд.

Қаблан Толибон дар ду даргирии ҷудогона беш аз 15 нафар аз нерӯҳои давлатӣ, ба шумули муовини фармондеҳи амниятии ноҳияи Нусайро ба қатл расонида буданд.

То ба ҳол аз ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар миёни афроди гурӯҳи Толибон дар Нусайи Дарвоз маълумоте рӯи даст нест. Вале қаблан гузориш шуда буд, ки дар пайи аз даст додани минтақаҳои Карон, Минҷон, Дараи Хустак ва Ҷурм дар Бадахшони марказӣ, афроди Толибон, ки дар миёни онҳо ҷангҷӯёни хориҷӣ низ ҳастанд, ба минтақаҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд.

Вулусволии Нусай яке аз панҷ ноҳияи Дарвози Афғонистон ба шумор меравад ва як пули марзӣ ин минтақаро бо Дарвози Тоҷикистон пайваст мекунад. Ин пул чанд сол пеш бо сармояи Шабакаи Оқохон бунёд шуда буд.

Ҳарчанд ҳоло рафту омад тариқи ин пул имконпазир аст, аммо бар асари ҷангҳои ахир ва нуфузи Толибон бар минтақаҳои атрофи Нусай, аз чанд моҳ ба ин тараф бозори наздимарзӣ баста шудааст.  

Дар ин бозор ҳафтае як бор тоҷирони афғон бо иҷозатномаҳои махсус ва бе виза ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, моли худро ба фурӯш мегузоранд ва баъдан бо пулу моли боқимонда дубора ба ватани худ бармегарданд.

Таъсиси бозори муштаракро Душанбеву Кобул як василаи коҳиши шиддати бекориву набуди даромад барои сокинони рустоҳои наздимарзӣ ва ҳам имкони муоширати миёни мардуми ду тарафи марз медонанд.

Муҳаммад Исо, як сокини вулусволии Нусай рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, баста шудани ин бозор ба зиндагии сокинони минтақа таъсир расонидааст ва ҳоло қимати маводи аввалия боло рафтааст. Дар фасли зимистон тоҷирони Дарвози  Афғонистон молу колои худро асосан аз тариқи Тоҷикистон ба ин минтақа интиқол медиҳанд.

Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулосволиҳои Куфоб, Шикай, Нусай, Моимай ва Дарвози болои вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан 200 километр ҳаммарз аст.

Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд. Дар гузашта миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои ифротӣ нуфузе надоштанд, вале ахиран доманаи нооромиҳо то ба инҷо расид ва ҳоло мақомоти маҳаллии афғон аз суқути Нусай ба дасти Толибон ҳушдор медиҳанд.





Губернаторы России
Москва

Мэр Москвы договорился о создании роботизированного завода по производству грузовых автомобилей





Москва

Яндекс, А.С. Пушкин, Святой Ленин ведут следствие. Настоящая сенсация! 225 лет А.С. Пушкину.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин рассказал о реализации проектов КРТ в столице



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

БГАТОиБ

Приглашенные солистки выступят в опере «Руслан и Людмила»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Академия Плющенко требует почти два миллиона со сбежавшей от них юной спортсменки

В Швейцарии завершился чемпионат Европы по спортивной и фитнес-аэробике

«Столото» подписал соглашение в развитие стратегической поддержки комплекса ГТО и многоборья ГТО


Ролан Гаррос

Теннисист Джокович побил рекорд Федерера по победам на турнирах "Большого шлема"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Багреева: Глобальные климатические цели могут быть достигнуты при участии городов



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России