Интиқоди футболбози турк аз Чин ва қатъи пахши телевизионии бозии Арсеналу Манчестер
Ширкати садову симои CCTV-и Чин намоиши бозии миёни дастаҳои футболи “Арсенал”-и Лондон ва Манчестер Ситиро дар таърихи 15 декабр қатъ кард. Сабаби ин тасмим дар интиқоди бозигари турктабори клуби Лондон Месут Озил аст, ки ҳукумати Пекинро барои саркӯби мусалмонҳои бумии туркзабони Шинҷон интиқод кард. Клуби футболи англисӣ бо Чин дар заминаи пахши телевизионии бозиҳояш доллар то соли 2022 созишномае бо арзиши 700 миллион имзо кардааст, ки барояш як бозори боимтиёз ба шумор меравад. Озил, ки решаҳои туркӣ дорад, рӯзи 13 декабр дар як изҳороташ тавассути шабакаи Твиттер саркӯби бераҳмонаи мардуми бумии Шинҷонро интиқод кард ва Шинҷонро – Туркистони Шарқӣ номид. Ӯ инчунин кишварҳои исломиро интиқод кард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи мусалмонони Чин садо баланд намекунанд. Пекин изҳороти Озилро “хабари дурӯғин” номида даъват кард, ки аз кишвар боздид кунад. Аз ҷумла, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ген Шуан дар нишасти матбуотии рӯзи 16 декабр дар Пекин гуфт:
“Шинҷон бахши ҷудонопазири қаламрави Чин аст. Дар таърих мо ҳеҷ гоҳ Шинҷонро Туркистони Шарқӣ ва зиёда аз ин, давлати Туркистони Шарқӣ ном набурдаем. Намедонам, шояд ҷаноби Месут Озил ҳеҷ гоҳ Шинҷонро надида бошад. Ба назар мерасад, ӯ оҷиз аст ва бо хабарҳои дурӯғу изҳороти ғайривоқеӣ сардаргум шудааст”.
Шинҷон аксари сокинони бумиро уйғурҳо ва баъдан қазоқҳо ташкил медиҳанд. Ин ҷо инчунин қирғизу тоторҳо, тоҷику дунганҳо зиндагӣ мекунанд. СММ августи соли гузашта гуфт, ки ҳудудан 1 миллион мусалмони Шинҷон, аксаран уйғурҳо, ба “марказҳои зиддитеррористӣ” ва миллионҳо дигарҳо ба “қароргоҳҳои бозтарбия” ҷой дода шуданд. Чин мегӯяд, ки ин муассисаҳо бо “таълиму тарбия” машғуланд, то ки мардум “зарари воқеии терроризму ифротгароии динӣ”-ро фарқ карда тавонанд.