Эътирози Қирғизистон ба латтукӯби муҳоҷирон дар Хабаровск
Мушовири сафорати Русия дар Бишкек 16-уми декабр ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шудааст. Масъулони вазорат дар робита ба латтукӯб шудани шаҳрвандони Қирғизистон дар шаҳри Хабаровск аз сӯи кормандони ОМОН-и Русия эътироз баён карданд.
Ҷониби Қирғизистон аз Русия даъват кардааст, ки ҳодиса ҳамаҷониба санҷида шуда, дар робита ба дастандаркорон чораҳои қатъии лозимӣ андешида шавад. Намояндаи сафорати Русия гуфтааст, дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ин қазия зери назорати шахсии ӯ қарор дорад.
Консули Қирғизистон дар Хабаровск Қодирбек Мирзобоев низ бо шаҳрвандони латтукӯбшудаи кишвараш мулоқот ва ба Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти федеролии амният ва Додситонии Русия дар ин бора муроҷиат кардааст.
Муовини вазири умури дохилии Русия дар як ҷаласа амали кормандони ОМОН-ро ғайриқобили қабул дониста, гуфтааст, ҳодиса таҳқиқ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, 12 декабр кормандони ОМОН ҳудуди 80 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт ва давоми чанд соат латту кӯб карданд. Ин шаҳрвандон асосан ба ҳайси ронанда кор мекарданд.
Самарбек Осмон уулу, як тан аз латукӯбшудаҳо гуфт, ки кормандони ОМОН соати 10 шом ба таваққуфгоҳи автобусҳо омаданд.
"Ҳамаи ронандаҳоро боздошт карданд. Моро заданд ва ҳуҷҷатҳоро гирифтанд. То субҳ заданд. Ба далели надоштани шиноснома маро дар бемористон қабул накарданд. Ҳоло бо қабурғаи шикаста дар хона бистариам. Ба мо ҳатто имкон надоданд, ки пурсем - чаро моро мезананд. Даҳ нафар - даҳ нафар ба як ҳуҷра дохил карданду се корманди ОМОН бо "дубинка" заданд. Ҳамаашон ниқоб доштанд", - гуфт ин муҳоҷири қирғизистонӣ.