Президенти Узбекистон ба Ҷопон меравад
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ рӯзи сешанбеи 17-уми декабр бо сафари расмӣ озими он кишвар мешавад. Сафари Мирзиёев то 20-уми декабр давом мекунад.
Президенти Узбекистон бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ, раиси палатаи мушовирони порлумони он кишвар Акико Санто, бо раиси палатаи намояндагони порлумони Ҷопон Тадамор Осим ва дигар афроди расмӣ мулоқот мекунад.
Императори Ҷопон Нарухито ҳам Мирзиёевро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Президенти Узбекистон ҳамзамон бо роҳбарони муассисаҳои саноативу тиҷории Ҷопон мулоқот хоҳад кард.