Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Эълони Помпео дар бораи Тоҷикистон ва 9 кишвари "помолгар"-и ҳуқуқи динӣ

0
Амрико дар баробари нӯҳ кишвари дигар Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кард. Дар ин бора Майк Помпео вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр хабар дод ва гуфт, ҳимоят аз ҳуқуқи мазҳабӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур Доналд Трамп аст ва ҳадафи феҳраст идомаи ин кори муҳими ҳукумат аст.


Дар як баёнияи расмии Майк Помпео, ки вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми декабр нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18-уми декабр вазорати умури хориҷӣ Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро дигарбора кишварҳои мояи нигаронии хос эълон кард” чунки ба бовари вазорат ин кишварҳо пайваста ва мудавом “ошкоро озодиҳои диниро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”


Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин эълони ҳукумати Амрико вокунише нишон надодаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоят мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум дар Тоҷикистон ғаразмандона ва нодуруст аст.


Амрико аз соли 2016 ва се сол боз аст, ки Тоҷикистон дар ин феҳрасти кишварҳои помолкунандаи ҳуқуқи мазҳабӣ қарор додааст. Бар асоси муқаррароти худ, Иёлоти Муттаҳида, метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримот эъмол кунад, вале расман гуфтааст, ки "бо назардошти аҳамияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ мекунад."


Майк Помпео дар баёнияааш ҳамчунин гуфтааст, ки Ҷабҳаи Ал-Нусра, Ал-қоида дар Нимҷазираи Арабӣ, Ал-Қоида, Ал-Шабоб, Боко Ҳарам, Ҳусиҳо, ДОИШ, ҳалқаи Хуросон ва Толибонро ба воҳидҳои мояи нигаронии махсус ворид кардааст.


Дар баёнияи Майк Помпео омадааст: “Чунин таъйинот дигарбора азми Амрико барои ҳимояти моро нишон медиҳад, ки мехоҳанд аз ҳаққи озодии динӣ ва эътиқод баҳра баранд. “


Ҳалқаи Хуросон яке аз шохаҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аст, ки аксарияти аъзои онро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои он ҳастанд.


Гузориш такмил мешавад. Бозгашт ба саҳифаи моро фаромӯш накунед.






Губернаторы России





Губернаторы России
103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России