Интихоботи порлумонӣ дар Узбекистон. Тағйирот мешавад?
Рӯзи 22-юми декабр дар Узбекистон интихоботи порлумонӣ оғоз шуд. Ин нахустин интихоботи Маҷлиси Олии он кишвар аз замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 аст.
Дар ҳоле ки Мирзиёев ваъдаи ислоҳот додааст, бархе аз таҳлилгарон бовар доранд, ки 20 миллион интихобкунанда дар Узбекистон бо маҳдудият рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ҳайати вижаро ба Узбекистон фиристодааст, гуфт, баъзе аз камбудҳои интихоботҳои гузашта ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳафтаи гузашта гуфт, Узбекистон моҳи феврал чанд тағйиротро ба қонуни интихобот ворид кард, аммо ислоҳот натавонист дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ имкони интихоби номзадҳои воқеиро барои раъйдиҳандагон фароҳам кунад.
Дар гузориш гуфта шудааст, панҷ ҳизби сабтшуда “бар асоси маҳдудаи аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда” амал мекунанд ва ҳеч як ҳизб ва ё номзади мустақил ба интихобот роҳ дода нашуд.
Дар интихоботи порлумонии Узбекистон намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ барои ворид шудан ба ниҳоди қонунгузор талош доранд. Палатаи поёнии порлумони Узбекистон аз 150 курсӣ иборат аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 50 курсии онро ҳизби либерал-демократи Узбекистон дар ихтиёр дорад.