Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Танаффуси тӯлонӣ дар мурофиаи Мулло Садриддин. Наздикон нигаронанд

0
Танаффуси тӯлонӣ дар мурофиаи Мулло Садриддин. Наздикон нигаронанд

Наздикони Cадриддин Муллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, аз таъхир дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва иҷоза наёфтан ба дидорбинии ӯ изҳори нигаронӣ доранд. Муллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам аст, ба гуфтаи наздиконаш, бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябри имсол боздошт гардид.

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "терроризм", "зархаридӣ" ва "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он" айб эълон кардааст. Моҳи октябри имсол додситон барои Садриддин Муллоев 18 соли зиндон талаб карда буд.

Хайриддин Муллоев, падари Садриддин Муллоев, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ба онҳо барои дидор бо писараш иҷоза надодаанд. Ӯ гуфт, бори охир, ду моҳ пеш писарашро дида буданд. “Пас аз ин, моро дигар боре ҳам даъват накарданд. Писари хурдиамро фиристодам, ки бубинад бародараш чӣ ҳол дорад. Дар додгоҳ гуфтаанд, ки ҳангоми мурофиа аст ва дидор мумкин нест. Ба вакили мудофеаш низ иҷозаи дидорро намедиҳанд”.

Рӯзи 23-юми декабр додраси Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе Мирзо Одиназода ҳозир нашуд дар бораи парвандаи Садриддин Муллоев суҳбат кунад. Дар Додгоҳи ноҳияи Сино низ аз ҳар гуна шарҳ дар бориа парвандаи Муллоев худдорӣ намуданд.  

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудфоеи Садриддин Муллоев ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки чанд вақт боз нафари зери ҳимояташро надидааст ва барои мулоқот бо вай иҷозаи додрас зарур аст. “Рӯзи ҷумъаи гузашта ба мақомоти додгоҳ муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки ҳисоботи солона омода мекунан ва дертар хабардор мекунанд. Бе иҷозаи додрас имкони дидани зерҳимояам нест”, -- афзуд ӯ.

Бархе аз ҳуқуқшиносон, ки таҷрибаи иштирок дар мурофиаҳои додгоҳиро доранд, мегӯянд, додрас бояд ба хонаводаи Садриддин Муллоев ба таври дақиқ далели таъхири тӯлонии мурофиаро шарҳ диҳад. Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, пас аз талаби додситон ба муҳлати ду моҳ танаффус шудан дар мурофиа суолҳоеро ба вуҷуд меорад.

Қудратов гуфт, «агар Муллоев барои гуфтани сухани охирин омода набошад, ҳақ дорад, аз додрас вақти иловагӣ талаб кунад, вале омода бошад, набояд мурофиа ба таъхир гузошта шавад. Фикр мекунам, ба эҳтимоли зиёд, ҳоло сари афв кардан ё накардани ӯ баҳсу гуфтугӯҳо миёни мақомоти қудратӣ идома дорад ва то ҳол ба хулосае наомадаанд.»

Пайвандони Садриддин Муллоев мегӯянд, мақомот бо ваъдаи афв ӯро ба кишвар баргардониданд ва ҳоло ҳам умед доранд, ки додгоҳ нисбат ба ӯ қонуни афвро татбиқ мекунад.

Аммо тибқи қонуни нави афв, афроде, ки бо моддаҳои "терроризм" ва "зархаридӣ" муттаҳам дониста мешаванд, шомили афв нахоҳанд шуд. Танҳо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бар асоси як моддаи боқимонда ӯ қисман шомили афв шавад.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар созмонҳои ифротию террористӣ дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешаванд.

Боздошти Садриддин Муллоев дар ҳоле буд, ки ӯ баъди ба Душанбе омадан дар як навори видеоӣ гуфта буд, баъди баргаштан ба кишвар мавриди афв қарор гирифтааст. Ӯ дар ин навор мегуфт, аз узвият дар созмони "Ҷамоати таблиғ" пушаймон аст ва аз он даст кашида, ба зиндагии оддӣ рӯ овардааст. Маълум нест, видео дар чӣ шароит сабт шудааст.

"Ҷамоати таблиғ" як созмони мазҳабист, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди кишвар аз соли 2006 мамнӯъ эълон шудааст. Даҳҳо пайрави ин созмон аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Садриддин Муллоев соҳиби чаҳор фарзанд буда, домоди руҳонии маъруф Мулло Ҳайдар Шарифзода аст. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо номи мулло Садриддин мешиносанд. Ба гуфтаи наздиконаш, Муллоев соли 2013 ба Русия ва сипас аз онҷо ба Туркия рафта буд.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

Вечер бардовской песни, посвященный Юрию Визбору, пройдет 19 июня в Обручевском




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком

Персонажи «Дракошии» и «Команды МАТЧ» примут участие в театрализованном шествии на Московском детском фестивале искусств «Небо» в Парке Горького

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Ролан Гаррос

Парижские сюжеты: Медведев играл в кошки-мышки, Котов творил историю, Калинская заставляла нервничать Синнера



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Shot: актриса Анастасия Заворотнюк заранее переписала имущество на детей и маму



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России