Туркманҳои қарздор аз пули обу барқ ва газро ба додгоҳ мекашанд
Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, Хадамоти коммуналии Туркманистон ба сокинони қарздори ин кишвар барои пардохти ҳамаи маблағҳо то 27-уми декабри соли равон мӯҳлат додааст.
"Дар вилояти Лебап сокинони қарздор аз пули газ, барқ ва обро огаҳ кардаанд, ки агар то 27-уми декабр маблағро насупоранд, ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд",-иттилоъ дод хабарнигор рӯзи 23-уми декабр.
Ба гуфтаи хабарнигор, тибқи қоида сокинон пули обро дар се моҳ як бор ва пули барқу газро на дертар аз санаи 10-уми ҳар моҳ месупоранд ва дар ҳоли ҳозир шумори онҳое, ки дар Лебап аз хидматрасониҳои мазкур қарздоранд, хеле афзоиш ёфтааст.
"Бисёриҳо пул надоранд, ки маблағи газу барқ ва обро диҳанд. Ба гуфтаи кормандони обу корез ва идораи барқ, 60 дарсади сокинон қарздоранд", - иттилоъ иттилоъ дод манбаъ.
Дар Туркманистон дар бештари маврид барои он, ки сокинон қарзи худро аз хидматрасониҳои мазкур супоранд, интиқоли нерӯи барқ ва газро ба биноҳои зист қатъ мекунанд.