Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Вазири молия: "Созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои маблағгузории Роғун пешниҳодҳо кардаанд"

0
Вазири молия:

Вазири молия мегӯяд, созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи "Роғун", ба Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол кардаанд. Дар ҳоле, ки қаблан мақомот мегуфтанд, ташкилотҳои молии хориҷӣ ба эҳтимоли зиёд дар "Роғун" маблағгузорӣ нахоҳанд кард. Ҳукумати Тоҷикистон неругоҳи "Роғун"-ро "иншооти тақдирсоз" барои кишвар мехонад ва барои бунёди он бо маблағи ним миллиард евробонд фурӯхтааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷуҳ ба сохтмони "Роғун" зиёд аст ва аз чанд созмону кишварҳо пешниҳоди сармоягузорӣ дар тарҳро гирифтаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Қаҳҳорзода, "имрӯз иншоотро мешиносанд ва зиёд ташкилотҳои молиявӣ ҳастанд, ки худашон ба мо барои пешниҳод кардани маблағҳои молиявӣ муроҷиат карданд. Мо бо як қатор сохторҳои Бонки исломӣ, ширкатҳои молиявии кишварҳои аврупоӣ корбарӣ карда истодаем".

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш маблағгузорӣ дар тарҳи "Роғун"-ро "маҳдуд" накардааст. Ба ин хотир, ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, Тоҷикистон аз рӯи фоизи қарзҳои пешниҳодшуда муайян мекунад, ки пешниҳоди кадом созмони молиявиро барои "Роғун" қабул кунад. "Иншоот хурд нест ва бо назардошти вазъи қарзи беруна, ки то куҷо ба мо имконият медиҳад, барои иншоот бояд маблағ ҷамъ кунем"-таъкид кард Вазири молия.

Оқои Қаҳҳорзода дар ҳоле аз омодагии созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар "Роғун" хабар дод, ки қаблан мақомот гуфта буданд, эҳтимоли сармоягузории ташкилотҳои молии ҷаҳонӣ хеле кам аст.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ моҳи июл гуфта буд, созмонҳои молии ҷаҳонӣ бештар ба лоиҳаҳое сармоягузорӣ мекунанд, ки аз сифр шуруъ шуда бошанд. Ба гуфтаи Нуралиев, сохтмони неругоҳи "Роғун" аллакай ба марҳилаи муайян расидааст ва ташкилотҳои молии ҷаҳонӣ хеле тарҷибаи кам доранд, ки дар қисми миёнаи лоиҳа ба он шомил шаванд.

Бо ин вуҷуд шарту шароити пешниҳодкардаи созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар тарҳи "Роғун" феълан маълум нест. Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, аз миёни пешниҳодҳо мувофиқашро интихоб мекунанд.

Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия рӯзи 25-уми декабр дар порлумон гуфт, илова бар ин маблағ дар соли равон барои "Роғун" боз 1,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби фурӯши евробондҳо ва 613,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби фурӯши металҳои қимматбаҳо ҷудо шудааст.

Тоҷикистон тирамоҳи соли 2017 авроқи гаронбаҳо ва ё ба истилоҳ евробондҳоро ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхт, ки ҳар сол 7,2 дарсад баҳраи онро бояд бипардозад. Бархе созмонҳои молии ҷаҳонӣ гуфтанд, пардохти чунин баҳра барои иқтисоди Тоҷикистон мушкил аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, "муҳим барояшон роҳ ёфтан ба бозори молиявии ҷаҳонӣ буд".

Айни замон ду чархаи нерӯгоҳ фаъол шудааст. Чархаи якуми нерӯгоҳи "Роғун" рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ва чархаи дуввум моҳи сентябри соли равон фаъол шуда буд. Ду чархаи нахустини "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша, қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

В исторических парках покажут любимые мультфильмы от СТС Kids ко Дню защиты детей


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: На юге Москвы в этом году благоустроят четыре зеленые зоны



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Маленький Душанбе под крылышком щедрой балерины: загородный особняк Анастасии Волочковой наводнили особенные таджики




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Работники Пожарно-спасательного центра показали свою слаженность в боевом развертывании

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня


Уимблдон

Надаль пропустит Уимблдон из-за желания сыграть на Олимпиаде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

"ДиМ" строит участок 5 трассы СБВ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России