Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Ҷавони муттаҳам ба фурӯши билетҳои қалбакӣ пайдо шуд, аммо мегӯяд, ӯ қурбонӣ аст. ВИДЕО

0
Ҷавони муттаҳам ба фурӯши билетҳои қалбакӣ пайдо шуд, аммо мегӯяд, ӯ қурбонӣ аст. ВИДЕО

Маҳмуд Абдураҳмонов, сокини шаҳри Ваҳдат, ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ӯро ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймо муттаҳам мекунанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро беасос хонд. Ду ҳафта пеш даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иддао карданд, ки ба "доми фиреб"-и Абдураҳмонов афтиданд ва дар маҷмуъ аз 8 то 10 миллион рубли русӣ зиён дидаанд. Ин муҳоҷирон он замон гуфтанд, Маҳмуд Абдураҳмонов аз Русия фирор кардааст ва ӯро пайдо карда наметавонанд.

Абдураҳмонов рӯзи 24-уми декабр ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омад ва гуфт, ба мисли чанд нафари дигар дар ин қазия миёнарав будааст ва ин “аҳром”-ро каси дигар раҳбарӣ мекард.

Маҳмуд Абдураҳмонов, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, иддаои муҳоҷирон дар бораи фиребкории ӯ асос надорад ва гунаҳкори асосӣ нафаре бо номи Машраф мебошад. Иддаое, ки худи Машраф Муъминов, муҳоҷири тоҷик дар Русия онро бофта медонад.

Абдураҳмонов гуфт, ӯ дар қаҳвахонаи Машраф Муъминов ба ҳайси маъмур кор мекард ва бо хоҳиши ӯ гӯиё билет мехарид.

“Машраф биноеро ба иҷора гирифта буд. Аз мардум нусхаи шиноснома ва маблағи билетро гирифта, бегоҳ ба қаҳвахона меомад ва мегуфт, чашми ман намебинад ва инро рӯйхат кун. Аз кадом нафаре, ки рӯзи рафтанашон ба Тоҷикистон наздик буд, маблағҳои муайян ба ман медод ва ман рафта аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ чипта мехаридам. Зердасти Машраф будам ва ман ба доми фиреби онҳо афтодам, на онҳо ба доми фиреби ман," -- нақл кард ӯ. 

Аммо Машраф Муъминов, муҳоҷири тоҷик, ин ҳамаро рад карда, мегӯяд, аз фиребкории Абдураҳмонов баръакс ӯ беш аз 2 миллион рубл зиён дидааст.

Мӯъминов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, акнун мешунавад, ки Маҳмуд Абдурамонов дар Тоҷикистон аст, чун баъди нопадид шуданаш аз Санкт- Петербург дар бораи ӯ хабаре надоштанд. "Як ман не, даҳҳо нафарро фиреб дода рафтааст… Ин кор дар куҷо рост меояд?" --мепурсад Мӯъминов.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик ду ҳафта қабл замоне садо дод, ки гуфтанд Маҳмуд Абдураҳмонов аз Русия фирор кардааст. Абдураҳмонов тасдиқ мекунад, ки рӯзи 9-уми декабр Русияро тарк кард. Вале ба гуфтаи худаш, ӯ аз таҳдидҳои Машраф Муъминов, ки гуфт «бояд 2 миллион рубл пайдо карда биорад» аз Русия фирор кард. Ба суоли Радиои Озодӣ ки баъд аз гӯё таҳдид шудан аз сӯи Машраф чаро ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт- Петербург муроҷиат накард, посух дод, ки "аз муроҷиати ман ягон фоида набуд".

Маҳмуд Абдураҳмонов ҳоло дар Тоҷикистон аст ва мегӯяд, ба мақомоти интизомӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кул муроҷиат кардааст, то ҳақиқатро рӯи об бароранд. Маҳмуд Абудраҳмонов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ мисли Аҳлиддин Абдуллоев ва Баҳром Хуршедов миёнарав буд.

Аммо се нафар аз миёнаравон, ки ба гуфтаашон аз хилофкории Абдураҳмонов аз 700 ҳазор то 2 миллион рубли русӣ зарар дидаанд, гуфтанд, ки иддаои Маҳмуд Абдураҳмонов «дурӯғи маҳз» аст.

Ҳанӯз ҳеч додгоҳ ё мақоми тафтишотӣ даст доштани Абдураҳмоновро дар фурӯши билетҳои қалбакӣ тасдиқ накардааст.

Шаҳрвандоне, ки мегӯянд, зиён дидаанд, ба пулиси шаҳри Санкт - Петербург ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр арз кардаанд. Мақомот мегӯянд, арзи шаҳрвандонро таҳқиқ мекунанд.

Нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс назар ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар аст. Ба ин хотир ҳар эълони чиптаҳои арзон таваҷҷуҳи муҳоҷиронро ба сӯи худ мекашад ва баъзан бо фиреб хӯрдани шаҳрвандон меанҷомад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Сотрудники Росгвардии задержали устроившего стрельбу с балкона мужчину в Подмосковье 


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства Южного округа Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Филипп Киркоров

Нижегородский художник СПИЧ прокомментировал продажу картины Киркорову




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

В новой Москве соревновались нештатные формирования

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня


Елена Рыбакина

Елене Рыбакиной поставили неожиданный «диагноз»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«Рексофт», «Норсофт» и АТОЛЛис анонсировали скорое тестирование отечественных IT-продуктов бренда «MAGMA»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России