Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

"Хона ба хона". Сабт кардани суроғаи муҳоҷирони тоҷик аз баҳри чист?

0

Мақомот дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба мушаххас кардани ҷойи истиқомати муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа ва сабти рақами телефони онҳо оғоз кардаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, пурсуҷӯи ногаҳонӣ онҳо ва наздиконашонро ба ташвиш овард. Мақомот тафтиши хона ба хонаро "ҳифзи амнияти шаҳрвандон" донистанд. Ҳуқуқдонҳо аз поймол шудани ҳаққи конситутсионии шаҳрвандон суҳбат мекунанд.

Ҳасан Ҳамроқулов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҳафтаи пеш ба чанд суоли гуруҳи иборат аз кормандони идораҳои давлатӣ посух додааст, ки ғайриинтизор дари хонаашро кӯфтанд. Ӯ рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, як писараш дар Русия аст ва оилаи ҳафтнафарии онҳоро мехӯронад.

"Намояндагони мақомот пурсиданд, ки писарам бори охир кай занг зада буд ва ҷойи зисташ куҷост. Қариб ҳар рӯз бо писарам гап мезадам ва хеле нигарон шудам. Тарсидам, ки чӣ ҳодисае рух додааст. Норӯшан аст, чаро суроғаи ӯ ба мақомоти маҳаллӣ лозим шудааст," -- гуфт ӯ.

Чанде аз сокинони дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасдиқ карданд, ки як ҳайати ҳукуматӣ хона ба хона мегарданд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, дар гузашта гоҳе масъулони маҳаллӣ дар бораи аъзои оилаи онҳо маълумот мегирифтанд, аммо ин дафъа тағйири шеваи пурсиш, аз ҷумла дар ҳузури мақомоти қудратӣ, онҳоро ҳайрон кардааст. 

Тафтиши "хона ба хона"-ро мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рад накарданд. Ҳусейнхон Ҳакимов, раиси шаҳраки Бобоҷон Ғафурови ноҳияи ҳамноми он гуфт, ҳадафи ба манзили сокинон рафтани онҳо "ба хотири муҳоҷирати бехатар аст". Ба гуфтаи ӯ, "як ҳадаф муайян кардани ҳуввияти онҳоест, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Баъдан ба сокинон мефаҳмонем, ки ба доми фиреби гуруҳҳои ифротӣ наафтанд."

Ҳакимов барои тақвияти суханонаш мисол овард ва гуфт, "дар гузашта ҳолатҳое буд, ки сокинон бо баҳонаи кор дар Русия ба гуруҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шуда, хабарашон аз кишварҳои ҷангзада омад."

Вай гуфт, дар гузашта мақомоти маҳаллӣ барои пешгирӣ аз хатари пайвастани шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо маъракаҳо баргузор мекарданд, "аммо чандон натиҷаи хубе надод ва ҳоло бо шеваи хона ба хона мефаҳмонанд". Ҳусейнхон Ҳакимов гуфт, гуруҳи корӣ аз раиси маҳалла, нозири минтақавӣ, ходими дин ва намояндаи ҷамоат ва идораи амният иборат аст.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, аксари онҳое, ки ба майдонҳои ҷанг дар Ховари Миёна рафтаанд, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданд. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, на ҳамаи онҳо чунинанд ва мақомот набояд хонаводаашонро дар кишвар ба ташвиш биоранд. Бархе аз онҳо пешниҳод доранд, ки агар мақомот ҳарфе барои гуфтан доранд, бояд ба суроғашон ба Русия бираванд ва бо вазъи зиндагиву корашон аз наздик ошно шаванд. 

Пурсуҷӯи суроғаи муҳоҷирон танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров набудааст. Сокинони ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин дар вилояти Хатлон низ ба Радиои Озодӣ айни шикоятро карданд.

Дилшод, мусоҳиби мо аз ҷамаоти Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфт, ҳафтаи гузашта мақомоти интизомӣ аз хонандагони мактаб талаб кардаанд, телефонеро, ки ба воситаи он бо пайвандони муҳоҷирашон суҳбат мекунанд, ба онҳо нишон диҳанд. Аммо мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамагуна тафтиши ҷузвдони хонандагони мактабҳоро рад карданд.

Мислиддин Маҳмудов, раиси ҷамоати Ёл гуфт, чанд моҳ пеш барои мушаххас кардани шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия сокинонро пурсида буданд. "Ба мо ҳамин хел супориш шуда буд. Мо суроғаи муҳоҷиронро, ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва рақами телефонашон чанд аст, пурсида будем, дигар ҳеч," -- гуфт Маҳмудов. 

Аммо бар асоси кадом супориш ё қарори мушаххаси ҳукумат тафтишҳои хона ба хона ва пурсуҷӯи суроғаи муҳоҷирон анҷом мешавад, ҳанӯз рӯшан нест.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳуқуқдонҳо чунин рафтори мақомотро “нақзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон” арзёбӣ мекунанд.

Ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов гуфт, сокинон ҳақ доранд, дар бораи хешу наздиконашон ба нафари дигар ҳеч маълумоте надиҳанд. Ӯ афзуд, "бар асоси Конститутсия ҳаёти ҳар як шахс дахлнопазир аст ва яке аз ҷузъиёти он нигоҳ доштани маълумоти шахсӣ мебошад".

"Барои ҳифзи амнияти шаҳрвандон бо онҳое суҳбату пурсуҷӯҳо анҷом дода мешавад, ки дар ҳудуди маҳалла ё давлат зиндагӣ мекунанд. Аммо бо муайян намудани ҷойи зисти муҳоҷири тоҷик, ки барои мисол дар яке аз шаҳрҳои Русия зиндагӣ мекунад, чӣ гуна метавонанд амнияти ӯро таъмин кунанд?" -- суол гузошт ӯ.

Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, маълумоти шахсӣ дар бораи як фард замоне ҷамъоварӣ мешавад, ки мақомоти интизомӣ ба зидди ӯ парванда кушодаанд.

Маъмулан мақомоти маҳаллӣ пеш аз маъракаҳои муҳиме ба монанди интихобот ба хонаҳои мардум рафта, афроди қобили раъйро сабт мекунанд. Ва ин кор асосан аз тарафи омӯзгорону фаъолони ҷомеа анҷом мешуд. Аммо мардум мегӯянд, ин дафъа ҳайати гуруҳи корӣ ва пурсишҳо фарқ мекунад ва ба ҳамин сабаб онҳоро ба ташвиш андохтааст.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор шаҳрванди кишвар барои кор дар Русия ҳастанд. Мақомоти Русия онро беш аз як миллион нафар шумурдаанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Число пользователей портала «Малый бизнес Москвы» превысило 200 тысяч



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Андрей Макаревич

Андрей Макаревич лишился бизнес-партнера




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Настроение

Жулан.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России