Назарсанҷӣ: Сокинони Украина аз вазъи кишвар розӣ ҳастанд
Тахминан нисфи украиниҳо гуфтанд, ки кишварашон дар самти дуруст ҳаракат мекунад. Ин нишондод ду баробар бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта будааст. Натиҷаҳои назархоҳие, ки рӯзи 26 декабр аз ҷониби Бунёди ташаббусҳои демократӣ ва маркази Разумков нашр шуд, мегӯяд, ки 44 дарсади сокинони Украина ба саволи ин ки дар бораи вазъи имрӯзаи кишвар чӣ назар дорад, посухи мусбат додаанд. Ин нишондод 18 дарсад бештар назар ба соли гузашта будааст.
Соли гузашта аз ҳар даҳ нафар 7 сокини Украина гуфтанд, кишвар дар самти нодуруст пеш меравад. Дар назарсанҷии имсола беш аз сеяки ҷомеа гуфтааст, ки дар давоми ду ё се соли оянда иқтисоди кишвар ҳам пешрафт мекунад. Таҳқиқот баъди ҳашт моҳи ба мақоми президенти Украина интихоб шудани ҳаҷвнигори мардумӣ Владимир Зеленский барпо шуд. Президент ваъда додааст, ки бо фасод мубориза бурда, сармояҳои хориҷиро ҷалб мекунад, рушди иқтисодиро таъмин карда ҷанг дар Донбасро хотима мебахшад.