Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Зоиров аз Додгоҳ лағви гаравпулиро хост. Ҷавоб чӣ хоҳад буд? ВИДЕО

0
Зоиров аз Додгоҳ лағви гаравпулиро хост. Ҷавоб чӣ хоҳад буд? ВИДЕО

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, баъд аз муроҷиати бепосухаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, аз Додгоҳи Қонуни асосии кишвар хост, ки гаравпулиро барои номзадҳои интихоботи порлумонӣ бекор кунад. Мақомоти Додгоҳи конститутсионӣ дар ин бора ба матбуот чизе нагуфтаанд. Аз сиёсатмадор пурсидем, ки дар ин замина чӣ пешравӣ ҳосил шудааст?

Раҳматилло Зоиров: "Дар бораи пешрафтҳо чизе гуфтан барвақт аст, зеро дархости мо рӯзи 23-юми декабр расман сабт шуд. Бар асоси қонунгузорӣ Суди конститутсионӣ ҳақ дорад, дархостро дар давоми як моҳ баррасӣ кунад. Танҳо баъди он қароре содир карда мешавад. Аз 15-уми январ пешниҳод ва сабти номи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон шуруъ мешавад ва мо вақтро аз даст медиҳем. Ба ин далел, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш мекунам, ки ин масъаларо на як моҳ, балки дар зудтарин фурсат баррасӣ кунад, то мо тавонем аз маъракаи пешбарӣ ва сабтиноми номзадҳо дер намонем."

Навори суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:

Радиои Озодӣ: Бовар доред, ки қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ ба фоидаи Шумо хоҳад буд?

Раҳматилло Зоиров: "Агар ин масъала дар Суди конститутсионӣ баррасӣ шавад, аз мавқеи додрасҳо вобаста аст, ки қарори ниҳоӣ чӣ гуна хоҳад шуд. Агар аз рӯи қонунгузорӣ баррасӣ шавад, сад дарсад мутмаинам, ки қарор ба фоидаи мо, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, хоҳад буд. Лекин мегӯянд, инсон шири хом хӯрдааст. Додрас ҳам инсон аст ва бо дарназардошти ин нукта қарори Суд метавонад дигар хел ҳам бошад. Пешгӯии ҳалли ин масъала танҳо баъд аз сӯҳбат бо судяе имконпазир мешавад, ки Суди конститутсионӣ баррасии дархости моро ба вай супориш медиҳад. То замони суҳбат ва муайян кардани ин нукта, ки масъала бар пояи кадом замина баррасӣ мешавад, аз пешгӯии қарори додгоҳ худдорӣ мекунам."

Радиои Озодӣ: Аммо пешбинӣ карда метавонед, ки интихобот чӣ тавр баргузор мешавад ва натиҷаҳояш чӣ гуна хоҳад буд?

Раҳматилло Зоиров: "Фикр мекунем, табиат ё сенарияи баргузории интихобот дар Тоҷикистон тағйир намеёбад. Ҳарчанд назорат аз болои ин интихобот бамаротиб сахттар шудааст. Барои чӣ? Нахуст қонун дар бораи Комиссияи марказии интихобот (КМИР) қабул шуд ва он пурра зери назорати давлат гузашт. Қаблан ҳар як ҳизб ҳақ дошт дар комиссияи марказии интихоботӣ ва комиссияҳои маҳаллӣ намоянда дошта бошад, ҳоло тибқи қонуни нав ҳамаи аъзои комиссияҳои интихоботӣ бояд ғайриҳизбӣ бошанд. Мақомот бо баҳонаи ғайриҳизбӣ аз эҳтимоли таъсиррасонии ҳизбҳоро дар раванди интихобот бекор карданд. Ҳамакнун, ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди интихобот танҳо тамошобин аст. Ҳизбҳо танҳо ҳақ доранд, дар рӯзи овоздиҳӣ нозирони худро дошта бошанд, аммо тибқи қонуни нав ҳам нозирон ҳаққи мудохила ба маъракаи интихоботро надоранд. Ин ҳама як пуфакест, ки мекафаду нишоне аз он нахоҳад монд."

Видеои суҳбатро дар Ютуб бинед:

Радиои Озодӣ: Дар ниҳоят, порлумони ояндаи Тоҷикистон дар чӣ шакл арзи ҳастӣ мекунад?

Раҳматилло Зоиров: "Мақомот талош мекунанд, ки дар порлумони оянда аз 7 ҳизби ҳозира танҳо 6 ҳизб намоянда дошта бошад. Инҳо ҳизби ҳоким, як ё ду намояндаи Ҳизби коммунистӣ ва ҳизбҳои дигар. Сипас, эълон мекунанд, ки ҳизбҳои созанда ба порлумон роҳ ёфтанд, аммо намояндаи як ҳизби сӯзандаи сотсиал-демократ ба маҷлис роҳ наёфт. Аммо ба ин назарам, ки агар интихобот озоду шаффоф гузарад, Ҳизби сотсиал-демократ дар порлумон на як вакил, балки панҷ намоянда хоҳад дошт."

Радиои Озодӣ: Мақомот мегӯянд, ки дар кишвар низоми бисёрҳизбӣ аст, вале мунтақидон мегӯянд, дар асл як ҳизб фаъол аст. Шумо чӣ мегӯед?

Раҳматилло Зоиров: "Феълан низ дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад. Вуҷуди 7 ё даҳ ва ҳатто панҷоҳ ҳизб ба маънии бисёрҳизбӣ нест. Агар як ҳизб рақобатнопазир бошад, пас, ин низом яккаҳизбӣ дониста мешавад. Ҳоло Ҳизби халқӣ-демократӣ 70 дарсади курсии порлумонро дар ихтиёр дорад ва ҳатто дар сурати мухолифати сарҷамъонаи 6 ҳизби дигар онҳо наметавонанд ба ҳизби ҳоким рақобат нишон дода тавонанд. Танҳо ҳамин далел кофист, ки вуҷуди низоми яккаҳизбӣ дар Тоҷикистонро собит созад. Вақте дар Тоҷикистон комиссияи марказии интихобот пурра давлатӣ ва аъзои он хизматчии давлатӣ дониста мешаванд, интихобот аз ин ба баъд пурра дар итоати давлат хоҳад буд. Мегӯянд, ки аъзои комиссияҳо ғайриҳизбӣ ҳастанд, аммо ғайриҳизбӣ будани онҳо сахт душвор аст. Ҳизби ҳоким беш аз 500 ҳазор узв дорад ва тақрибан 150 ҳазор хизматчии давлатӣ узви Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд. Аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳову шаҳру навоҳӣ ҳама узви ин ҳизб мебошанд. Дар чунин вазъ ҳеч як комиссияи интихоботӣ ғайриҳизбӣ буда наметавонад. Онҳо танҳо бо дастури ҳизби ҳоким амал карда метавонанд. Бахусус, бо супориши раиси ҳизб, президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба ин тартиб, метавон иддао кард, ки дар Тоҷикистон таҳияи заминаҳои қонунгузорӣ барои таъсиси низоми яккаҳизбии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ анчом дода шудааст."

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Валерия и Иосиф Пригожин улетели из России в Турцию




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Ролан Гаррос

Мирра Андреева вышла во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России