Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

ДОИШ, ошӯб ва ҳамла ба "Ишқобод". Тоҷикистон дар соли 2019

0
ДОИШ, ошӯб ва ҳамла ба

Имсол ҳодисаҳои пайванд бо номи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Тоҷикистон, кишварро дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод.

Моҳи феврали соли 2019 президенти Амрико Доналд Трамп шикасти хилофати худхондаи "Давлати исломӣ"-ро эълон кард. Бисёриҳо тахмин заданд, ки ҷангҷӯёну тарафдорони созмон то дубора ёфтани ҷойи по аз фаъолиятҳои харобкорона дар кишварҳои ҷаҳон худдорӣ меварзанд.

Моҳи май, дақиқан пас аз панҷ моҳи эълони Трамп, созмон масъулияти ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. Дар ошӯб 29 зиндонӣ ва се зиндонбон кушта шуданд. Ин ошӯби дувуми пурқурбонӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон буд, ки мақомот онро кори дасти ДОИШ донистанд ва созмон низ масъулиятро пазируфт.

Дар ошӯби моҳи ноябри соли 2018 дар зиндони Хуҷанд 23 маҳбус ва ду зиндонбон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, аксари зиндониёне, ки дар ду ошӯб кушта ё дастгир гардиданд, "барои узвият ё талоши пайвастан ба ҳаракатҳои тундрав маҳкум шуда буданд."

Ҳамлаи нахустин пас аз марги Бағдодӣ

Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ", ки дар панҷ соли ахир ҳамлаҳои террористиро дар саросари ҷаҳон анҷом медод ва қисме аз қаламравҳои Ироқу Сурияро дар даст дошт, соли 2019 на танҳо қаламравҳои худ, балки Абубакри Бағдодӣ, поягузори ин гуруҳро низ аз даст дод.

Рӯзи 6-уми ноябр, пас аз 10 рӯзи хабари кушта шудани Абубакри Бағдодӣ дар дидбонгоҳи "Ишқобод", воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷаи он 6 марзбон ва 15 ҳамлавар кушта шуданд. Мақомоти тоҷик дафъатан ҳамларо кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд. Дар расонаҳои байналмилалӣ ин ҳодиса ҳамчун "нахустин ҳамла пас аз даргузашти Бағдодӣ" бозтоб ёфт.

Ҳарчанд дар ҳамлаи охир норӯшанӣ ва суолҳои зиёде мондааст ва фарзияҳои гуногун баён мешавад, таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода мегӯяд, "он ҳамлаи террористӣ буд". 

Дар наворе, ки ДОИШ пас аз ҳамла ба "Ишқобод" нашр кард, панҷ нафари ниқобпӯш ба номи Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, ҷойгузини Бағдодӣ савганди садоқат хӯрдаанд. Аммо рӯшан нест, ки навор кай ва дар куҷо гирифта шудааст ва воқеан онҳо ҳамлаварон буданд, ё каси дигар.

Рафаэлло Пантучӣ, таҳлилгари умури амният ва терроризм дар Лондон, мегӯяд, шикасти ДОИШ ва марги поягузори он "фаъолияти гурӯҳро ба таври ҷиддӣ тағйир надодааст, аммо зоҳиран эҳсос мешавад, гурӯҳ зери фишори шадид қарор дорад ва бештар мавқеи дифоиро интихоб кардааст."

Коршинос ҳамлаҳои ҷудогона, ба мисли ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистон ва ҳамла ба дидбонгоҳро бештар "ибтикори шахсии аъзои аз қабл мағзшӯишудаи ин созмон" медонад.

Пантучӣ мегӯяд, шикасти ДОИШ дар Сурия ва Ироқ оғози як хатар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, "ҷавононе, ки дар ин кишварҳо давоми чанд соли ахир мағзшӯӣ шуда буданд, ҷойи рафтан надоранд ва аз ин рӯ, эҳтимол дар хоки ин кишварҳо даст ба кор шаванд."

Дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ҳамлаҳои ДОИШ ва ё бо номи он, аз ҳама бештар дар Тоҷикистон сабт шудааст. Соли гузашта дар ноҳияи Данғара панҷ ҷавоне, ки навори байъаташон бо ин созмони худхонда нашр шуд, чаҳор ҷаҳонгарди хориҷиро кушта буданд.

Номи ДОИШ пушти ҳамлаҳои хунин дар кишвар дар ҳолест, ки ин созмон дар Афғонистон – ҳамсояи Тоҷикистон – чаҳор сол боз талош дорад ҷойи по дуруст кунад. Дар харитаи созмони тундрав низ Афғонистон ба унвони "Хуросон" ҳамчун вилояти худхондаи ин созмони тундрав ёд мешавад.

Хатар: камтар ё бештар?

Дар як гузорише, ки тобистони имсол ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод шуд, гуфта мешавад, як ҳалқаи 200-нафарии ДОИШ-ро ҷавони 31-сола аз Тоҷикистон Сайвалӣ Шафиев бо тахаллуси “Муовия” раҳбарӣ мекунад. Ҳарчанд тасдиқи ин иттилоъ аз манобеи дигар мушкил аст, дар он ишора мешавад, Шафиев ба воситаи интернет ба ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии пул барои созмон машғул аст ва барои ин кор “забони тоҷикиро ба кор мебарад.”

Номи ин ҷавони тоҷик дар як филми Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчун тарҳрези ҳамла ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе зикр шудааст. Ин ҳамла, ба гуфтаи мақомот ноком буд ва беш аз даҳ узви ДОИШ «боздошт шудаанд».

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, «тамоюли кӯч бастани амалҳои харобкоронаи ДОИШ аз кишварҳои Ховари Миёна ба Афғонистон, баъзе кишварҳои африқоӣ ва марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назар мерасад.»

Ин коршинос мегӯяд, Русия ин таҳдидро бузургтар нишон медиҳад, вале он дар асл вуҷуд дорад. Вай илова кард, «ДОИШ дар баробари дигар кардани шеваи кор, аз кишварҳое ба мисли Русия, ки дар шикаст додани хилофати онҳо нақш доштанд, қассос мегирад. Як сабаби асосии наздик шудани ДОИШ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки дар ин ҷо зоҳиран тарафдор дорад ва онҳо ба таври пӯшида амал мекунанд. Онҳо шояд дигар риши шубҳаовар надоранд, шеваи намозгузории фарқкунанда надоранд, вале ақидаи ин созмонро ҷонибдорӣ мекунанд.»

Боздошти «Шишонӣ» бозгӯи чист?

Ду ҳафта пеш гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон ҳукми Шуҳратҷон Сатимов, як сокини 31-солаи вилояти Суғдро нашр кард. Ӯ барои иштирок дар ҷангҳои Сурия 15 сол зиндонӣ шудааст. Назари пайвандони ин ҷавон ва дурустии ин ки то куҷо дар ҷангҳои Сурия ширкат кардааст, маълум нест. Аммо ба иддаои Додситонии кул, ширкати ӯ дар ҷангҳои Ховари Миёна моҳи июли имсол ошкор шуд.

Мақомоти Украина миёнаи моҳи ноябр хабареро нашр карданд, ки ба гуфтаи коршиносон, иддаои фирори ҷангҷӯёни ДОИШ ва пинҳон шудани онҳо дар кишварҳои амнро бештар ба воқеият наздик мекунад. Мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамкорӣ бо хадамоти истихборотии Амрико Ал-бара Шишонӣ, шаҳрванди Гурҷистон ва муовини Абу Умар ал-Шишонӣ, нафаре, ки Пентагон онро "вазири ҷанг"-и гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” медонист, боздошт кардаанд. Пас аз кушта шудани “Вазири ҷанг”-и гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ", Шишонӣ ба Туркия фирор карда ва аз онҷо бо таҳияи шиносномаи қалбакӣ вориди Украина шудааст. Ба нақли Хадамоти амнияти Украина ӯ аз хоки ин кишвар бо тундравон тамос доштааст.

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, вақте як нафаре, ки чеҳрааш аз қабл барои матбуот ва хадамоти махсус ошно буд, тавонист дар Украина паноҳ шавад, пас, ин ба маънои он аст, ки садҳо узви ҷангдидаи ин созмон берун аз хоки Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, наздики ду ҳазор нафареро, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, сабти ном кардаанд, вале ба гуфтаи Ҳодизода, даҳҳо нафари дигаре метавонад вуҷуд дошта бошад, ки ҳанӯз номаш барои мақомот маълум нест.

Рафаэлло Пантучӣ, коршиноси маосили терроризм дар Лондон мегӯяд, шояд шумораи андаке аз онҳо сокин бимонанд, вале аъзои ҷангдида бо ҷойи пой ёфтан дар кишварҳои амн дубора ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз соли 2015 Ситоди муштараки мубориза бо терроризм ва экстремизм амал мекунад. Ба гуфтаи як мақомои ВКД, ниҳодҳои дахлдор муштаракан барои пешгирӣ аз амалҳои ифротгароӣ кор мекунанд ва ҳоло хатари ҷиддиеро аз ин гурӯҳҳо намебинанд. «Шояд ягон амалҳои хурдеро анҷом диҳанд, вале дар сурати умум ин гурӯҳҳо ба суботи давлат хатар эҷод намекунанд,» -- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон талош доранд, чеҳраҳои шинохта аз миёни ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ, ба мисли «Абу Усомаи Норакӣ» (Тоҷиддин Назаров) ва «Абу Довуд» (Парвиз Саидраҳмонов)-ро, ки дар зиндоне дар Сурия қарор доранд, ба Тоҷикистон биоранд. Мақомот бовар доранд, ин ҷангҷӯён маълумоти зиёдеро дар бораи ҳалқаҳои хуфтаи ДОИШ дар Тоҷикистон ошкор хоҳанд кард.

Парвиз Саидраҳмонов моҳи ноябр дар як гузориши телевизиони Туркия пайдо шуд. Хабарнигорон гуфтанд, ӯ дар маҳбаси Африни Сурия, ки ҳоло дар ихтиёри туркҳост, нигоҳ дошта мешавад. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки «Абу Усомаи Норакӣ» (Тоҷиддин Назаров), мубаллиғи дигари ДОИШ низ зинда ва дар боздошт аст.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певец

Певца и поэта Рябуху наградят званием «Заслуженный артист Забайкальского края»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Елена Рыбакина

Рыбакина, Путинцева и Бублик стартуют на Ролан Гаррос. Кто в соперниках и чего ждать?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Подмосковные спасатели выступят на чемпионате профмастерства в Приморском крае



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России