Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

ВКД: Домулло Хайриддин бозпурсӣ мешавад

0
ВКД: Домулло Хайриддин бозпурсӣ мешавад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Хайриддин Абдуллоҳ, як руҳонии 35-солаи тоҷики муқими Русия пас аз бозгашт ба Душанбе ба бозпурсӣ даъват шудааст. Наздикони ин руҳонии ҷавон мегӯянд, бо гузашти ду рӯз аз бозгашти Хайриддин Абдуллоҳ ӯро надидаанд ва аз сарнавишташ нигаронанд. 

Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари ӯ ду рӯз қабл тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омад, вале то ҳол ӯро надидаанд.

Ба гуфтаи хонум Илолиева, ду хоҳарзодаи ҳамсараш, ки ҳамроҳи ӯ буданд, ба наздикон супурданд, вале аз худи Домулло Хайриддин хабаре нест.

“Соати 9-и субҳи 29-уми декабр шавҳарам ба ман акс равон кард ва навишт, ки аллакай дар Душанбе аст. Баъди он нопадид шуд. То бегоҳ сабр кардам ва баъдан ба хешовандон хабар додам, ки шавҳари ман куҷост? Хешовандон гуфтанд, ки мо ӯро надидем,”--афзуд ҳамсари руҳонии ҷавон.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Хайриддин Абдуллоҳро рад карданд ва гуфтанд, ки ӯ танҳо барои "сӯҳбат" даъват шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Хайриддин Абдуллоҳ "баъзе ҳолатҳоро мепурсанд ва ҷавоб медиҳанд."

Дар ВКД нагуфтанд, ки манзур "аз баъзе ҳолатҳо" чӣ аст.

Дар аксе, ки Хайриддин Абдуллоҳ ба ҳамсараш ирсол кардааст, ӯ дар дохили ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" ҳамроҳ бо ду наврас, ки хоҳарзодаҳояш будаанд, дида мешавад. Ҳамсари ин руҳонии ҷавон мегӯяд, шавҳараш бегоҳи 30-юми декабр дар тамоси кутоҳе ба ӯ гуфтааст, дар Вазорати корҳои дохилӣ аст. Ҳамчунин ин руҳонии ҷавон аз ҳамсараш хостааст, дигар ба ӯ нанависад, чун телефон дигар дар дасташ нест.

"То рӯзи 3-юм (январ) Худо агар хоҳад мумкин телефонро диҳанд. Дигар нанавис, телефон дар дасти ман нест,"--гуфтааст, Хайриддин Абдуллоҳ.

Баҳром Ҳамроев, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, қабл аз сафар ба Душанбе бо Домулло Хайриддин тамос дошт. Ба гуфтаи Ҳамроев, руҳонии ҷавон аз рафтан ба Тоҷикистон нигарониҳо дошт ва аз ӯ хоста буд, дар сурати боздошт барояш кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.

Хайриддин Абдуллоҳ таҳсилкардаи Эрон буда, дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар ин кишвар чанд маротиба ба ҷони ӯ суиқасд низ сурат гирифта буд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба таблиғи мазҳаби шиа дар миёни муҳоҷирон муттаҳам мекарданд, вале худи ӯ борҳо ин иддаоро бепоя хонда буд.

Домулло Хайриддин то ду соли пеш роҳбари бахши дини Федератсияи муҳоҷирони СНГ буд, ки Каромат Шарипов онро сарварӣ мекард.





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Лоза оценил перспективы музыкальной карьеры Валиевой




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В новой Москве соревновались нештатные формирования

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


Ролан Гаррос

Парижские сюжеты: Медведев играл в кошки-мышки, Котов творил историю, Калинская заставляла нервничать Синнера



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России