Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2019

Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО

0
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО

Рӯзи 31-уми декабр Фотима Ғуломова, яке аз ҳунарпешагони машҳури театр ва синамои тоҷик 85-сола шуд.

Ӯ дар тӯли тақрибан 60 сол танҳо дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз 100 нақш офаридааст.

Хонаводаи Фотима Ғуломоваро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Писараш Барзу Абдураззоқов, аз коргардонҳои шинохтаи кишвар аст, бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст ва хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон дониста мешуд.

Падараш, ки якҷо бо Абулқосим Лоҳутӣ, адиби шинохта аз Эрон ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда буд, мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳринав шуд ва меҳри китобхониро дар дили фарзандонаш аз хурдӣ ҷой додааст.

Гузориши видеоӣ дар бораи хонаводаи Фотима Ғуломова ва тӯдаиҳои Эрон дар Тоҷикистон

Фотима Ғуломова мегӯяд, ҳарчанд аз хурдӣ меҳри санъат дар қалбаш буд, аммо падараш тавсия медиҳад, ки ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад. Аммо, зимни таҳсил дар соли саввум бо амри тақдир ӯро барои таҳсил ба Донишкадаи санъати шаҳри Маскав мефиристанд.

Ӯ якҷо бо ҳунармандони маъруфи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо ва Марям Исоева ин донишкадаро хатм карда, баъди муддате кор дар Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд барои кор ба Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад. Фотима Ғуломова ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар ҳамин театр беш аз 100 нақш бозидааст

Хонум Ғуломова афзуд: “Сарнавишт чунин шуд, ки ба танҳоӣ се фарзандамро тарбият мекардам ва онҳо вақти иҷрои нақшҳояш паси пардаи театр мехобиданд.”  

Нур Табаров, драмнависи тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ бо Театри Лоҳутӣ ҳамкорӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Фотима Ғуломова аз зумраи шоҳсутунҳои санъати театрӣ мебошад.

Ӯ афзуд: “Куллияи нақшҳое, ки апаи Фотима дар саҳнаи театр ва синамо иҷро кардааст, аз сӯи тамошобини тоҷик хуб пазируфта шуданд. Вақте ин гурӯҳи ҳунарпешагон баъди хатми донишкадаи санъати Маскав ба Театри Хуҷанд барои кор фиристода шуданд, Турсунбой Ӯлҷабоев, роҳбари вақти Тоҷикистони шӯравӣ онҳоро ба театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе овард.”

Фотима Ғуломова дар тӯли тақрибан 60 соли фаъолияти худ дар намоишнома ва филмҳое мисли “Иҷора­нишин”, “Рўдакӣ”, “Корвони бахт”, “Духтари бебисот”, “Соҳибаи меҳ­мон­хона”, “Қуллаи Фудзияма”, “Камбағалӣ айб нест”, “Хатро ман навиш­та будам”, “Сароби хунин”, “Машварат”, “Хонадони Бернардо Алба”, “Рустам ва Сўҳроб”,  “Имтиҳон”,  “Бой ва ғулом”,  “Шоҳ Лир”  ва “Мо аз боми ҷаҳон” нақшҳои калидӣ бозидааст.

Писараш ва коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, ки чанд соли ахир дар яке аз театрҳои Қазоқистон коргардонӣ мекунад, модарашро инсоне номид, ки барои тарбияташ омода аст, “тамоми умр пойҳои модарашро бибӯсад”.

Худи модараш гуфт, мехост, Барзу пешаи дигареро интихоб кунад: "Машварат додам, ки ба факултаи шарқшиносӣ дохил шавад, аммо вай гуфт, ки аз хурдӣ бо бӯи театр бузург шудаам ва наметавонам шарқшинос бошам.”

Зодрӯзи 85-уми Фотима Ғуломоваро имсол дар ҳалқаи хонавода ва дӯстон таҷлил мекардаанд. Хонавода ва дӯстоне, ки аксарият ҳам аз аҳли санъату ҳунар ва бахусус театр ҳастанд.





Губернаторы России
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин





Москва

Эксперт сенсационно раскрыл загадку Мессинга и Жириновского.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

В «Зарядье» пройдет премьера спектакля Хабенского и Бутмана




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ


Ролан Гаррос

Теннисист Рублев вышел во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России