Фаъолони қирғиз муҷозоти як марди дузанаро талаб доранд
Дар Қирғизистон баҳси бисёрҳамсарӣ дубора гарм шудааст. Навори таҷлили маъракаи хурсандии як хонаводаи иборат аз як марду ду ҳамсар боиси ин баҳсҳо шудааст. Наворро ровии маърака Кубанич Баркалбасов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.
Дар маърака мард бо ду ҳамсараш 60-солагиашро таҷлил мекунад ва ровӣ барои ҳама "чунин бахтро таманно мекунад".
Баъди нашри навор онро корбарон ба ҳамдигар ирсол кардан ва дар саҳифаҳои зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуд. Зери ҳар бознашр баҳсҳо сар заданд, ки оё бисёрҳамсарӣ дар Қирғизистон иҷозат аст ё не. Бархе аз корбарон муҷозоти марди дузана ва ровии маъракаро талаб карданд.
"Дар таърихи Қирғизистон бори аввал аст, ки мард бо ду ҳамсараш туй ташкил мекунад. Акнун дигарон низ шуруъ мекунанд", - навиштааст корбаре.
"Агар вай метавонад, ду ҳамсарро нигаҳдорӣ кунад, чаро бояд иҷозат надошта бошад? Ба кӣ зарар расонидааст?", - суол гузоштааст корбари дигар.
Дар Қирғизистон барои бисёре аз мардон бисёрникоҳӣ ҳамоно дастрас ва имконпазир аст. Дар солҳои охир чанде аз сиёсатмадорон, вакилони порлумон, руҳониён ошкоро эътироф карданд, ки чанд ҳамсар доранд.