Президенти Фаронса вориди Самарқанд шуд
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 2 ноябр бо ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбекистон гуфтанд, Мирзиёев ва Макрон масоили марбут ба густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои савдо, иқтисод, навоварӣ, сармоягузорӣ ва фарҳанг баррасӣ мекунанд.
Ҳар ду президент ҳамчунин дар ҳамоиши муштараки тиҷорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва ниҳодҳои молии Узбекистону Фаронса иштирок хоҳанд кард.
Макрон 1 ноябр сафареро ба Қазоқистон анҷом дода, бо ҳамтои қазоқи худ Қосимҷомарт Тоқаев дидору гуфтугӯ карда буд.