Ёвари вазири умури хориҷии Амрико ба Қазоқистон рафт
Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзҳои 4-11 ноябр аз Қазоқистон, Узбекистон ва Ҳиндустон боздид мекунад.
Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии ИМА омадааст, Лу ҳайати амрикоиеро раҳбарӣ мекунад, ки ба хотири тақвияти комёбиҳои нахустини саммити "C5+1" дар моҳи сентябри имсол, ба кишварҳои мазкур сафар хоҳад кард.
Интизор меравад, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар шаҳри Остона бо мақомоти баландпояи ҳукумати Қазоқистон мулоқот кунад ва дар Муколамаи шарикии стратегии ИМА ва Қазоқистон (ESPD) иштирок намояд.
Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон ҳам дар назар аст.
Доналд Лу баъд аз Қазоқистон ба Узбекистон ва сипас ба Ҳиндустон сафар хоҳад кард.