Фаронса барои истихроҷи урани Узбекистон сармоягузорӣ мекунад
Бобир Исломов, вазири саноати куҳӣ ва геологияи Узбекистон гуфт, ширкати фаронсавии "Orano" барои истихроҷ ва коркарди уран дар Узбекистон то 500 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.
Ба иттилои вазир, ширкати фаронсавӣ дар ду қитъа дар вилояти Навоии Узбекистон корҳои иктишофиро ба роҳ мондааст. То охири соли 2023 тарҳи ибтидоии асосноксозии иқтисодиву техникӣ таҳия хоҳад шуд.
Рӯзи 2 ноябр дар шаҳри Самарқанд президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Дар остонаи ин сафар хабаргузории Bloomberg навишт, ки "Фаронса мехоҳад бо Қазоқистон ва Узбекистон дар бахши уран ҳамкориҳояшро тақвият бахшад".