Дар Қазоқистон қудои пешини Назарбоев ба озодӣ баромад
Тоҷири қазоқистонӣ Кайрат Боронбоев, ки соли ҷорӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, ба озодӣ баромад.
"Маҳкумшуда Боронбоев, ки муҳлати боқимондаи ҳабсаш ба маҳдудсозии озодӣ иваз шуда буд, рӯзи 6 ноябр аз маҳбас озод шуд", - хабар доданд аз мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон ба расонаҳо.
Боронбоев - қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти собиқи он кишвар Нурсултон Назарбоевро шартан аз зиндон озод кардаанд.
Дар иттилоияи додгоҳи Қазоқистон гуфта шуда, ки ҳангоми тағйири ҳукми Боронбоев чандин омил, аз ҷумла, адо шудани сеяки муҳлати ҷазо, ҷуброни зарар ба давлат, ҳамкорӣ дар рафти тафтишот, пушаймонӣ ва рафтори муносиб дар маҳбас ба назар гирифта шудааст.
Расонаҳо ахиран хабар дода буданд, ки Боронбоев "дар доираи ҳамкорӣ бо мақомот" меҳмонхонаи худро бо арзиши 1,4 миллиард танга ва ширкати "Phystech II"-ро ба давлат додааст.
Додоҳе дар шаҳри Остона 31 марти имсол Боронбоевро бо мусодираи амвол ба 8 соли зиндон маҳкум кард ва моҳи сентябр додгоҳи таҷдиди назари Остона мӯҳлати ҳабсро ба 6 сол иваз кард.
Боронбоев тоҷири маъруфи қазоқ аст, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон роҳбарӣ мекард. Ӯ дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд.