Ишқобод дастрасии мардум ба ТВ-ҳои Узбекистонро маҳдуд мекунад
Туркманистон мубориза алайҳи дарёфти иттилои озодро барои шаҳрвандони худ пурзӯр карда, талош дорад, мавҷҳои радио ва телевизионҳои Узбекистонро дар ин кишвар қатъ кунад.
Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, ахиран мақомоти туркман дар минтақаҳои наздимарзӣ бо мақсади қатъи мавҷи телевизионҳои Узбекистон таҷҳизоти махсусеро озмоиш карданд ва дар натиҷа сокинон ҳатто як муддат бидуни иртибототи телефонӣ монданд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ин чораҳо ба хотири мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аст.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баҳонае беш нест. Мақомот аз он нигаронанд, ки теъдоди зиёди сокинони минтақаҳои наздимарзии Туркманистон шабакаҳои телевизионӣ ва радиои кишвари ҳамсояро тамошо ва гӯш мекунанд.
Насб ва озмоиши таҷҳизот барои қатъи мавҷҳои телевизион ва радиоҳоро Оҷонси "Туркменарагатнашик" дар якҷоягӣ бо Вазорати амнияти миллии Туркманистон анҷом медиҳад.