Мирзиёев ва Ҷабборов дар Тошканд мулоқот карданд
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Тошканд 8 ноябр бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.
Ҷабборов ва Мирзиёев "самтҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Қирғизистону Узбекистон, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд".
Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки лоиҳаҳои бузурги муштараки сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва энержӣ пайваста бояд амалӣ шаванд ва табодули фарҳангию башардӯстона густариш ёбад.
Нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
"Интизор меравад, дар нишаст президентҳо ва раисони ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия иштирок кунанд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии президенти Узбекистон.
Иштирокдорони нишаст масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртиботот ва башардӯстонаро баррасӣ хоҳанд кард.