Муҳоҷирони узбек дар Русия филмеро ба навор гирифтаанд
Муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон дар Русия филми кутоҳеро бо номи "Модар" ба навор гирифтаанд. Гурӯҳи филмбардорӣ ва ҳунармандон муҳоҷирони одӣ ҳастанд.
Муҳтаво ва муколамаҳо дар филм барои бисёре аз муҳоҷироне, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд, шояд ошно бошад.
Рӯзноманигорони "Мигрант медиа", тарҳи Радиои Озодӣ бо ҳунарманд Фотимахон Мамадқулова, ки нақши асосиро дар филм бозидааст, суҳбат карданд.
Мамадқулова, ки нақши модарро бозидааст, 22 сол пеш барои кор ба Русия рафта буд. Вай 10 сол мешавад, ки бо нигоҳубини пиронсолон рӯзгорашро пеш мебарад. Ба гуфтаи ӯ, дар филми "Модар" вазъи воқеии зиндагӣ инъикос ёфтааст.
"Писар дар филм афсӯс мехӯрад, ки натавонист ба модараш таваҷҷӯҳ кунад. Дар ин ҷо муҳоҷирон аз наздикони худ дур кор мекунанд, ки хеле аламовар аст... Дилам пазмони Ватан аст. "Мо фарзандони худро кай мебинем?" Мо пайваста барои чизе кушиш мекунем: ё туй кардан лозим ё чизи дигар. Чи ҳам метавон кард, тақдир аст. Ҳаёт ҳамингуна мегузарад", - мегӯяд Мамадқулова.