Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Акмалиддин Каримов медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро гирифт

0
Акмалиддин Каримов медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро гирифт

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки имрӯз, 10-уми ноябр, дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван оғоз ёфт, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин варзишгари 33-сола дар вазни то 58 кило баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Қайрат Уулуи қирғизистонӣ ва Жассулан Наримонови қазоқистонӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Вале Акмалиддин дар нимфинал аз Саян Хертеки рус, ки ба финал баромад, мағлуб шуд. Дар воқеъ, ин рақобати сеюми ҳарду ба шумор меравад. Қаблан дар финали қаҳрамонии ҷаҳон соли 2017 дар Сочи Хертек дастболо шуда буд. Соли 2021 дар Тошканд Каримов пирӯз шуда, соҳиби нишони тилло гардид.

Акмалиддин барои медали биринҷӣ ба Ҷайеонг Шин аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад. Ин медали сеюми биринҷии ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон аст. Ӯ як медали тилло ва чаҳор медали нуқра гирифтааст.

Нокомии Хушқадам

Имрӯз дар Ереван паҳлавони дигари номдори тоҷик Хушқадам Хусравов ноком шуд. Вай дар вазни то 64 кило дар даври аввал аз Белек Бараканови қирғизистонӣ мағлуб гашт ва аз мусобиқа берун шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван оид ба самбои варзишӣ миёни занон ва мардон, инчунин дар риштаи самбои размӣ байни мардон сурат гирифтааст.

Рақобатҳо аз рӯи 21 вазн доир мешавад:

Занон: 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.

Мардон: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Самбои размӣ: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ғайр аз Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, боз 9 варзишгар дохил аст:

самбои варзишӣ - Мустафо Ҳасанов (-71 кг), Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг), самбои размӣ - Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латипов (-64 кг), Худоёр Раҷабов (-71 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг), Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг).

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал, инчунин бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз хоҳанд шуд: барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дувум – 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 2000-долларӣ.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван дар маҷмааи варзишию консертии ба номи Карен Демирчяни Ереван бо иштироки варзишгарони зӯртарин аз 65 кишвари дунё то рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр идома хоҳад кард.

Тибқи қарори кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван варзишгарон аз Русия, Беларус, Фаронса ва дастаи паноҳандагон бо мақоми бетараф ширкат доранд.

Бояд гуфт, ки cоли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро ба даст овард. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.

Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Солоникии Юнон) - медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Вид Волочковой без фотошопа потряс публику — макияж не спасает




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


Карен Хачанов

Хачанов проиграл Табило в 1/8 финала «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России