Бо "норинҷак" ба масҷид. Намози ҷумъаро дар канори Маскав кӣ вайрон кард?
Мақомоти Русия марди 45-солаеро дастгир кардаанд, ки бо норинҷак (граната)-и, ба гуфтаи онҳо, "сохта" ё "ороишӣ" намози ҷумъаро дар масҷиди Дзержинский, дар канори Маскав, вайрон кардааст. Ҳодиса рӯзи 10-уми ноябр рӯй дод.