Ҳудуди 200 узбекистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд
Мунир Мамедзода, раҳбари пешини намояндагии Бунёди кудакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Узбекистон дар суҳбат бо "Gazeta.uz" гуфтааст, тақрибан 200 зану кудаки узбекистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд.
Мамедзода гуфтааст, ЮНИСЕФ аз тасмими ҳукумати Узбекистон, ки ҳамсарону кудакони ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияро қурбонӣ эътироф кардааст, истиқбол мекунад.
"Маълум аст, ки ягон кудак чунин сарнавиштро барои худ интихоб накардааст ва занҳое, ки ба ватан баргардонида шудаанд, онҳо низ на бо хоҳиши худ ба ин ҳолат рӯбарӯ гаштаанд”, - изҳор доштааст ӯ.
Мамедзода, ки муҳлати ваколаташ дар Узбекистон ба поён расид, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 зану кудаки узбекистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд.