Дар 9 моҳ 1900 қирғизистонӣ аз Русия ихроҷ шудаанд
Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар додааст, ки аз моҳи январ то моҳи сентябри имсол 1900 шаҳрванди ин кишвар аз Русия ихроҷ шудааст.
Сардори намояндагии вазорат дар Русия Кубандик Акматбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта шумори қирғизистониҳое, ки аз Русия ихроҷ шуданд, ба 2200 нафар расида буд.
Вазорати умури дохилии Русия 7 ноябр хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти "Нелегал-2023" 96 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории муҳоҷиратро ошкор ва 15 ҳазор хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ карданд.
Бино ба иттилои расмӣ, 1 миллиону 63 ҳазор қирғизистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.