Нисбати собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон ду парвандаи нав боз карданд
Нисбати раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов, ки бо айби хиёнат ба давлат 18 сол зиндонӣ шудааст, доир ба пулшӯӣ ва порахӯрӣ ду парвандаи нав боз кардаанд.
Ба далели шуруи баррасии парвандаҳои нав Масимов аз маҳбас ба боздоштгоҳи шаҳри Остона интиқол дода шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.
Собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум карда шудааст.
Додгоҳ инчунин амр дода, ки ҳамаи дороиҳои Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳаққи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Се муовини Масимов - Ануар Содиқулов 16 сол, Даулет Ергожин 15 сол ва Марат Осипов 3 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.