Роҳи Душанбе-Хуҷанд баста шудааст
Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар дод, ки баъди садамаи як мошини ҳомили газ, ҳаракати нақлиётро дар ин масир муваққатан манъ кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса 15-уми ноябр дар километри 27-уми роҳ ва дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.