Фаронса ҳукми боздошти Башор Асадро содир кард
Фаронса дастури байналхалқии ҳабси президенти Сурия Башор Асад ва се ҳамсафашро, барои истифодаи силоҳи мамнуи кимиёӣ зидди аҳолии осоишта, содир кард. Ин ҳукм аз сӯи додрасҳои маркази ҷиноят алайҳи башарияти Додгоҳи Порис содир шуд
Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи Civil Rights Defenders хабар дод.
Дастур баъди он содир шуд, ки таҳқиқи ҷиноии ду ҳолати эҳтимолии истифодаи силоҳи кимиёӣ дар шаҳри Дума ва минтақаи Ғутаи Шарқӣ дар моҳи августи соли 2013 ба поён расид. Он замон бештар аз ҳазор кас кушта шуда буд.
Таҳқиқи ин ду ҳодиса дар Фаронса моҳи марти соли 2021 баъди изҳороти шоҳидони зиндамондаи он ҳодисаҳо шуруъ шуд.
Сурия соли 2013 ба Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ пайваст. Бо ин ҳол Созмони мазкур борҳо Сурияро дар истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ айбдор кардааст. Мақомоти Сурия ҳамаи ин айбҳоро рад мекунанд.