Кӯдакони мактабхони муҳоҷиронро дар Русия аз забони русӣ имтиҳон мегиранд
Вазорати маорифи Русия сатҳи донистани забони русии кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои он кишвар месанҷанд.
Баъд аз анҷоми санҷиши кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷир мумкин аст, бархе аз онҳо ба давраҳои иловагии омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд. Дар ин бора Сергей Кратсов, вазири маорифи Русия хабар дод.
Ин изҳорот дар заминаи гуфтугӯҳо дар ҷомеаи Русия пайдо шудааст, менависад нашрияи "Коммерсант". Роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев гуфта буд, аз 50% то 75% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро бад ва ё умуман намедонанд. Фадеев гуфта буд, дар мактабҳои Маскав ва Петербург то 20% чунин кӯдакон ҳастанд.
Ба ҷуз аз санҷиши сатҳи забондонӣ кӯдакони муҳоҷиронро ҳамчунин аз санҷишҳои "худогоҳӣ" ва "дониши таърих ва фарҳанги Русия" мегузаронанд.
Мудири Маркази лоиҳакашии иҷтимоии "Платформа" Алексей Фирсов аз ин санҷишҳо интиқод кардааст.
Коршиносон ва омӯзгороне, ки дар маҷмуъ аз ин нақшаҳои вазорати маорифи Русия ҷонибдорӣ мекунанд, ҳамзамон мепурсанд, ки пули дарсҳои иловагиро кӣ пардохт хоҳад кард.
"Ба эҳтимоли зиёд аз мактабҳо талаб мешавад, ки дарсҳои иловагиро ба роҳ монанд ва мудир дар навбати худ маҷбур мешавад, ки таҳсилоти пулакиро ҷорӣ кунад", - гуфт Всеволод Луховитский, узви шӯрои иттиҳодияи "Омӯзгор".