Қазоқистон манъи содироти газро барои ним соли дигар тамдид кард
Қазоқистон манъи содироти гази моеъро тавассути роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилӣ барои ним соли дигар тамдид кард. Дар ин бора вазири энержии он кишвар фармон содир кардааст.
"Шуруъ аз 14 ноябри соли 2023 ба муҳлати шаш моҳ содироти гази моеъ аз Қазоқистон тавассути роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилӣ манъ карда шавад", - омадааст дар хабари вазорати энержии он кишвар.
Пештар манъи содироти гази моеъ аз Қазоқистон барои се сол таъйин шуда буд.