Хатми кори низоми интиқолҳои пулии QIWI дар Узбекистон
Низоми русиягии интиқолҳои пулии QIWI аз 18-уми декабр ҳамкориашро бо Узбекистон хотима медиҳад. Вебсайти расмии QIWI Uzbekistan менависад, ки чунин қарор баъди шадидтар шудани қоидаҳои амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷӣ ва ҳам маҳдудиятҳои ҷоришуда дар Узбекистон қабул шуд.
Ба навиштаи Радиои Озодлик, ин ширкат аз муштариёнаш тақозо кардааст, ки дар наздиктарин фурсат пулҳои худро аз ин ширкат ба кортҳои Uzcard ва HUMO-и худ гузаронанд. Аз ин пеш сервисҳои Oson, PayWay ва дигарҳо интиқолҳои байналмилалии пулиро қатъ карданд.