Намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо ба Узбекистон сафар кард
Тереза Мария Рибейро, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури озодии расонаҳо бо сафари панҷрӯза вориди Узбекистон шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, Тереза Мария Рибейро дар мулоқот бо масъулини вазорату идораҳои Узбекистон дурнамои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад. Вай ба минтақаҳои Узбекистон низ сафар мекунад.
Сафари Тереза Мария Рибейро ба Тошканд замоне иттифоқ афтод, ки чанде аз созмонҳои байналхалқӣ дар мавриди озодии баён ва расонаҳо дар Узбекистон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Чанде пеш ҷавони 19-солаеро дар он кишвар бо айби интиқоди президенти Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ 2,5 сол зиндонӣ карданд. Ба ҷуз ин чандин рӯзноманигор ва блогерро бо айбҳои мухталиф ҳабсу зиндонӣ кардаанд.