Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2023

Музокироти навбатии гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон. АКС

0
Музокироти навбатии гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон. АКС

Дар Қирғизистон даври навбатии музокироти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид. Ба навиштаи вебсайти девони вазирони  Қирғизистон, мулоқоти навбатӣ рӯзҳои 11 то 17-уми ноябр дар шаҳри Ботканди Қирғизистон барпо шуд. Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ хабар ё шарҳе нашр накардаанд.

Вале бино ба хабари ҳукумати Қирғизистон, ҷаласа бо иштироки гурӯҳҳои маконнигорӣ оид ба аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар хабари расмӣ омадааст, ки гурӯҳҳои корӣ “масъалаи аломагузории тарҳи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда баррасӣ карда, идомаи корро ба мулоқоти баъдӣ вогузор карданд, ки қарор аст дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шавад”.

Ҷузъиёти мувофиқаҳои ҳосилшудаи эҳтимолӣ  ё тарҳи қитъаҳое, ки дар ин ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ниҳояти ҷаласа протокол имзо шуд.

Нашри хабари маҳдуд ва бидуни ҷузъиёт аз ҷараёни музокираҳои марзӣ як шеваи маъмулии кори мақомоти ду кишвар дар моҳҳои охир шудааст. Қаблан мақомоти ин кишварҳо  гуфта буданд, ки хабарҳои музокираҳои марзиро дар мувофиқа бо ҳамдигар нашр мекунанд. Вале ҷониби Тоҷикистон бисёр вақт аз нашри хабарҳои мухтасар ҳам худдорӣ мекунад.

Танҳо бар пояи аксҳои нашршуда дар вебсайти девони вазирони Қирғизистон мешавад дид, ки раҳбарии ҳайатҳои ширкатдор дар ҷаласаҳои ахирро аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ ва аз ҷониби Қирғизистон – Назирбек Борубоев, намояндаи девони вазирони Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз ба ӯҳда доштанд ва дар протоколи ниҳоӣ ҳам имзои ин ду мақом гузошта шудааст.

 

Ҷаласаи навбатӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъди ду муноқишаи пурхушунати марзӣ дар солҳои 2021 ва 2022 ва ба поинтарин сатҳ расидани равобити сиёсии миёни ду ҳамсояи наздик, зоҳиран муколамаҳои  Душанбеву Бишкек ҷон мегиранд. Хабарҳо дар бораи муттасил баргузор шудани ҷаласаҳои вобаста ба муҳокимаи нуқоти баҳсии марзи ду кишвар бештар мешаванд. 

Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ чиро ва дар куҷо муайян карданд?

Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як моҳи гузашта дар умум бар сари таъйини 75 километри дигари сарҳад розӣ шудаанд.

Ин созишҳо

3-8-уми октябр (43,33 километр);

12-18-уми октябр (13,98 километр);

1-8-уми ноябр (17,98 километр)

ба даст омаданд.

Ҷониби Қирғизистон вақтҳои охир батакрор мегӯяд, ки то охири имсол таъйини нуқтаҳои баҳсии сарҳадро бо Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расонд.  Душанбе дар ин бора ҳам чизе намегӯяд.

Мақомоти ҳарду тараф моҳи октябри имсол гуфтанд, ки протоколи рақами 44-ро имзо карданд ва "он роҳе барои ҳалли мушкили сарҳадӣ аст”. Дар айни замон набудани иттилои фарогир дар бораи ҷараёни гуфтугӯҳову музокираҳои байни ду кишвар, аз ҷумла, шарту шароити созишҳои нав, боис ба сарусадоҳое мешаванд, ки гуё ҳукуматҳои ду ҷониб ба табодули қаламравҳо розӣ шудаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз аст.





Губернаторы России
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Фрэнк Синатра

Обвиненный в серии изнасилований Кевин Спейси может сыграть Фрэнка Синатру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске


Карен Хачанов

Теннисист Хачанов вышел в третий круг "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Москве прошла Премия Green Awards 23/24, которая объединила более 250 ведущих компаний и экспертов в ЗОЖ/ЭКО индустрии, инфлюенсеров



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России