Исроил ва "Ҳамос" бо оташбаси чоррӯза мувофиқат кардаанд
Тибқи гузоришҳо, ҳукумати Исроил бо пешниҳоди оташбаси чоррӯза дар ивази мубодилаи 150 зиндонии фаластинӣ бо 50 гаравгон дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос", мувофиқат кардааст. Дафтари нахуствазири Исроил эълон кардааст, ки 50 гаравгони зан ва кӯдак, ки дар дасти "Ҳамос" ҳастанд, тайи чор рӯз озод хоҳанд шуд.