Аз оғози ҷанг дар Ғазза 50 рӯзноманигор кушта шудааст
Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" дастикам 50 хабарнигор кушта шудааст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, 45 хабарнигори кушташуда фаластинӣ, чаҳор тан исроилӣ ва як нафар аз Лубнон ҳастанд. Се корманди расонаҳо бедарак ва 11 кас маҷрӯҳ шуда, 18 нафари дигар дар ҳабс ҳастанд.
Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин рӯзноманигорон дар кадом расонаҳо кор мекарданд.
Ба иттилои созмон, баъди оғози ҷанги Исроил зидди "Ҳамос" ҳамла ба рӯзноманигорон ва таҳдидҳо ба расонаҳо афзоиш ёфта, сензура пурзӯр шудааст.
Чандин расона, аз ҷумла Бӣ-бӣ-сӣ, Ал-Ҷазира, RT Arabic, ТВ Ал-Арабӣ шикоят карданд, ки ҷониби Исроил ҳангоми бозтоби ҳаводис аз навори Ғазза монеа эҷод мекунад.