Вакили пешини порлумони Қазоқистон 10 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи шаҳри Алмато вакили пешини порлумони Қазоқистон ва раҳбари ҳаракати мухолифи "El Tiregi" Нурҷон Алтаевро, ки дар фасодкорӣ гумонбар мешуд, 10 сол зиндонӣ кардааст.
Ҳамчунин Алтаев якумр аз ҳаққи фаъолият дар мансабҳои давлатӣ маҳрум шудааст. Ӯ, ки қаблан иттиҳомро рад карда буд, парвандаашро сиёсӣ номидааст.
"Ман мақомотро танқид мекардам ва бинобар ин, маро зиндонӣ карданд", - гуфт ӯ дар додгоҳ.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Алтаев 12 соли зиндон талаб карда буд. Парвандаи Алтаев бо дархости додситонӣ пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.
Расонаҳо 7 июни имсол хабар доданд, ки Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон Алтаевро дар порагирӣ айбдор мекунад.
Тибқи иттилои тафтишот, ҳолатҳои ришвахорӣ дар солҳои 2018-2020 рух додааст. Гӯё Алтаев "ба манфиати Мирзахметов амал карда, дар гирифтани фармоишҳои давлатӣ барои ширкати ӯ мусоидат менамудааст".
Расонаҳои қазоқистонӣ шоми 10 майи имсол хабар доданд, ки Мирзахметов дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар ҳаҷми 30 млн доллар боздошт шудааст. Мирзахметов аз соли 2013 то моҳи феврали соли 2022 Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистонро роҳбарӣ мекард.